Нависандаи маъруфи амрикоӣ Стормӣ Омартиан китоби навбатии худро барои кӯдакони 7–12-сола навиштааст. Онро мустақилона ё ҳамроҳи калонсолон хонда, кӯдакон мефаҳманд, ки қувваи дуо дар чист ва барои худ, барои наздикон ва дӯстон, барои тамоми олами атроф дуо гуфтанро ёд мегиранд.
Cтормӣ Oмартиан
ҚУВВАИ КӮДАКИ ДУОГӮЙ
СИПОСГУЗОРӢ
Mо ба ҳамаи кӯдаконе ки ба саволҳои мо ҷавоб медоданд, миннатдорӣ баён менамоем.
Аарон, Эбби, Алекс, Аманда, Энди, Остин, Бенҷамин, Карли, Крис, Кристиан, Кристофер, Клэр, Кори, Коринна, Кортни, Даниэл, Диллон, Дилан, Эмили, Эмма, Гейҷ, Ҷейсон, Ҷесси, Ҷессика, Ҷонатан, Ҷошуа, Ҳелен, Кейтлин, Кэтрин, Кэти, Кайла, Кайли, Лэндри, Лили, Мэдисен, Мэнди, Микаэла, Маккензи, Миранда, Миро, Никол, Рамзи, Саманта, Саванна, Сиерра, Симона, София, Такер.
Агарчи исмҳои баъзеи кӯдакони дар боло номбаршуда дар саҳифаҳои ин китоб зикр намешаванд, саҳми онҳо дар таълифи он хеле арзанда аст. Ҳам муаллиф, ҳам ношир ба ҳамаи онҳо миннатдории зиёд баён менамоянд.
БА ҲАМАИ КАСОНЕ КИ КӮДАКОНРО ДӮСТ МЕДОРАНД
Худо бо кӯдакон гап задан мехоҳад. Кӯдакон бо Худо гап задан мехоҳанд. Инро ба онҳо ёд додан ҳеҷ гоҳ барвақт нест. Дар ҳар синну сол ба кӯдак дуогӯиро омӯзондан мумкин аст.
Дар бораи дуо бисёр китобҳои хуб навишта шудаанд, аммо бисёрии онҳо барои калонсолон мебошанд. Чаро ҳамаи китобҳои хуб барои калонсолон навишта шудаанд? Наход дуоҳои калонсолон назар ба дуоҳои кӯдакон қувваи бештар дошта бошанд? Ман бисёр кӯдакони имонашон мустаҳкам ва дуо гуфта метавонистаро мешиносам, ки дуояшон назар ба дуоҳои калонсолони имонашон суст ва бо Худо кам муошират мекарда таъсири бештар дорад. Калонсолон набояд дуои кӯдаконро беаҳамият шуморанд, зеро дар дуои онҳо на камтар аз дуои калонсолон қувват ҳаст. Ва ин қувват аз Худост. Агар имон он шарорае бошад, ки аз он оташ аланга мегирад, пас дар дили кӯдак алангаи бениҳоят равшан фурӯзон шуда метавонад, ки Худо дар ҷавоби он ба таври ҳайратовар амал хоҳад намуд. Магар синну соли шахси дуогӯй ин қадар муҳим аст?
Имони кӯдак пок аст, зеро кӯдакон дар интизори ҷавоби дуоҳои худ пурра ба Худо бовар мекунанд. Шубҳаҳо ва саволҳое ки дар калонсолон ҳастанд, дар кӯдакон вуҷуд надоранд. Кӯдакон дуо гуфтан ва шукргузорӣ намуданро барои шунида шудани дуоҳои худ ва фаҳмидани маънои он ҷавобҳоеро, ки онҳо интизор набуданд, хеле зуд ёд мегиранд. Кӯдакон бояд донанд, ки Худо ҳаст, Ӯ дуоҳои онҳоро мешунавад ва ба онҳо ҷавоб медиҳад.
Кӯдакон табиати пурҷӯшу хурӯш, пурҳарорат доранд, ва ҳар қадар онҳо калонсолтар шаванд, ин сифат дар ҳаёти онҳо ҳамон қадар равшантар зоҳир мегардад. Метавонед боварӣ дошта бошед, ки ин баъзеҳоро ба роҳи некӣ, баъзеи дигарро ба роҳи бадӣ мебарад. Аммо шумо метавонед ба онҳо дар ром кардани ҷӯшу хурӯши наврасонаашон ёрӣ диҳед, то ки онро барои ҷалоли Худованд истифода баранд, ҳангоме ки барпо намудани муносибатҳои самимӣ, наздик, дӯстдоронаро бо Худо ба онҳо ёд медиҳед, пеш аз он ки онҳо аз синни кӯдакӣ бароянд. Кӯдакон омӯхтани инро ҳар қадар барвақттар сар кунанд, бо мурури ба воя расидан ҳаёти дуоии онҳо осонтар ба низом медарояд. Гумон накунед, ки кӯдаки шумо барои ба Худо бахшидани ҳаёти худ хеле хурдсол аст. Зеро душмани насли башар чунин намеҳисобад, ки кӯдакатон хеле хурдсол аст, то ҳаёташро ба иҷрои нақшаҳои ӯ бахшад. Ба кӯдак ёд додани дуогӯӣ назар ба ҷустани роҳи баромад аз вазъияти мураккабе ки ба шарофати дуо пешгирӣ кардан мумкин аст, осонтар мебошад.
Агар шумо дигаргуниҳоеро, ки Худо дар кӯдаки шумо ба амал меоварад, дидан хоҳед, бо Падари Осмонӣ сӯҳбат карданро ба ӯ ёд диҳед. Ин китоб ба шумо дар ин кор ёрӣ медиҳад.
Агар кӯдакон дар дуо бо Худо муошират намуданро ёд нагиранд, бо Ӯ муносибатҳои ҳақиқатан наздик барпо карда наметавонанд. Ҳангоме шумо мебинед, ки кӯдакатон мустақилона дуо мегӯяд, ҳайрон мешавед; аз даҳони кӯдакатон суханони дуоро, ки бо илҳоми Рӯҳулқудс гуфта мешаванд, шунида, ба ҳаяҷон меоед.
Худо мехоҳад, ки калонсолон ҳамчун кӯдакон — бо дили кушода, пок ва афрӯхта назди Ӯ оянд. Мо инро аз кӯдаконамон ёд гирифта метавонем, ва кӯдакон дар навбати худ моро мушоҳида намуда ва ба дуоҳои мо гӯш дода, аз мо ёд гирифта метавонанд. Кӯдакон чӣ тавр дуо гуфтани шуморо мебинанд, аз онҳо хоҳиш намоед, ки шарикони дуоии шумо гарданд. Ҳамроҳи онҳо ва барои онҳо дуо гӯед. Азбаски кӯдакон муҳаббати Худоро ба осонӣ қабул мекунанд, ва онро ба дигарон расондан мехоҳанд, онҳоро ба дуо гуфтан дар ҳаққи дигарон низ рӯҳбаланд намоед. Аз онҳо хоҳиш намоед, ки дар ҳаққи шумо ҳам дуо гӯянд. Кӯдакон дар ҳаққи падару модар дуо гуфта, ҳаёти дуоии фаъолона ба сар бурданро ёд мегиранд, ва дуоҳои мунтазам барояшон одатӣ мешаванд. Ғайр аз ин, ҳеҷ кас намедонад, ки кай ба шумо дуои самимии пур аз имон, ки фақат кӯдак ба забон оварда метавонад, даркор мешавад.
Ҳар боре ки писаратон (духтаратон) ҳамроҳи шумо дуо гуфтан хоҳад, ҳатман ба ӯ гӯед, ки бо ӯ дуо гуфтан бароятон хеле хуш аст. Гоҳо як дархосте ки кӯдак дар дуо мегӯяд, барои беҳтар фаҳмидани ӯ ва ошкор шудани олами ботинии ӯ кофист. Ба шарофати ин шумо он чиро, ки аз шумо пӯшида буд, мефаҳмед. Агар пештар ҳеҷ гоҳ ҳамроҳи кӯдакатон дуо нагуфта бошед, аз ӯ бахшиш пурсида, гӯед, ки акнун бештар бо ӯ дуо мегӯед. Кӯдакон дуоҳои шуморо ҳатман қадр мекунанд, ва муносибатҳои шумо устувор мегарданд.
Дар ин китоб бисёр намунаҳои дуоҳои кӯдакон ва ҷавобҳои Худо ба онҳо оварда шудаанд. Ҳамчунин дар он бо назардошти вазъиятҳои ҳаётии кӯдак, синну сол ва муҳити атрофи ӯ тасвирҳо ва тавсифоти дуоҳои гуногун дода шудаанд. Албатта, ман бисёр вақт ба Китоби Муқаддас истинод намуда, аз он иқтибосҳо меоварам. Ҳамчунин намунаҳои дуоҳо оварда шудаанд, ки дар вазъиятҳои муайяни ҳаётӣ истифода бурдан мумкин аст. Якчанд саҳифа дар охири китоб барои он муқаррар шудаанд, ки хонандагони хурдсол дуоҳои худро дар онҳо нависанд. Ҳамаи ин ёрӣ мерасонад, ки ба кӯдакатон аз самими дил дуо гуфтан ва ҳаёти мукаммал ва пурсамари дуоӣ ба сар бурданро ёд диҳед.
Ман дар намунаи дуоҳои худам, ки дар ҳаққи кӯдаконам мегуфтам, дуо гуфтанро ба онҳо ёд медодам: онҳо дуо гуфтани маро гӯш мекарданд ва ба ман тақлид менамуданд. Баъд ман онҳоро водор менамудам, ки мустақилона дуо гӯянд. Онҳо аз дуоҳои одитарин сар мекарданд: дар хусуси пои захмёфтаи саг, дар хусуси дӯсти мактабӣ, дар хусуси кори санҷишӣ дар мактаб, дар хусуси ҳимояи Худо. Ва ба ин дуоҳо чӣ қадар ҷавобҳо ба даст омадаанд! Ман ҳамеша аз фарзандонам хоҳиш мекардам, ки дар ҳаққи ман ё ягон шахси дигар ё ягон вазъияте ки онҳо дар синни худ онро фаҳмида метавонистанд, дуо гӯянд. Ҳозир фарзандони ман калонсол шудаанд, ва онҳоро ба дуо водор кардан лозим намеояд: онҳо худашон ин корро мекунанд. Дуо қисми муҳимтарини ҳаёти онҳост.
Дар ёд дорам, боре сарам сахт дард мекард, ва писарам, ки он вақт даҳсола буд, ба ҳуҷраи ман даромада, гуфт: «Оча, оё мумкин аст барои ту дуо гӯям?» Ман хеле хурсанд будам, ки ҳатто лозим наомад дар ин бора аз ӯ хоҳиш намоям. Чанде пас аз дуо гуфтани писарам дарди сарам гузашт.
Дуои кӯдак қувваи зиёде дорад.
БОБИ 1
МАН БА ХУДО МУРОҶИАТ МЕКУНАМ, ВА Ӯ МАРО МЕШУНАВАД
Оё медонӣ, ки бо Худо гуфтугӯ карда метавонӣ? Ҳа, дар ҳақиқат ин ҳамин тавр аст.
Худо мегӯяд, ки ту ҳамеша ба Ӯ муроҷиат карда метавонӣ ва барои ин сабаби муҳим доштан зарур нест — ҳамон тавре ки ту ба дӯстонат муроҷиат мекунӣ, бе ҳеҷ гуна сабаб. Ту фақат аз он сабаб ба онҳо муроҷиат мекунӣ, ки онҳоро дӯст медорӣ. Ба Худо низ ҳамчун ба дӯстат муроҷиат карда метавонӣ, чунки Ӯ дар ҳақиқат дӯсти туст. Ӯ мегӯяд, ки агар Ӯро дӯст дорӣ, Ӯ Худаш туро дӯсти Худ меномад. Ту аз он сабаб бо Худо муошират кардан мехоҳӣ, ки дар бари дӯсти худ будан мехоҳӣ.
Бо овози баланд ё бо овози паст дуо гуфтан мумкин аст, яъне ту метавонӣ чунон дуо гӯӣ, ки атрофиён туро шунаванд, ва низ он тавр дуо гӯӣ, ки фақат Худо туро шунавад. Ҳатто дуоҳоеро, ки ту дар дили худ мегӯӣ, Худо ҳатман мешунавад. Ҳангоме ки ту фикран ба Худо муроҷиат мекунӣ: «Худованд, ба ман ёрӣ деҳ, ки имрӯз дар корҳоям комёб бошам», Ӯ туро мешунавад, чунки фикрҳои туро медонад.
Китоби Муқаддас дуо гуфтанро ба мо таълим медиҳад ва мефаҳмонад, ки дуоҳои мо чӣ гуна қувват доранд. Ҳангоми хондани Китоби Муқаддас имони ту мустаҳкам мешавад, ва ту шубҳа намуданро бас мекунӣ, ки оё Худо ба дуоҳои ту ҷавоб медиҳад ё не. Оё ту Китоби Муқаддас дорӣ? ___________ Агар надошта бошӣ, аз ягон кас хоҳиш кун, ки бароят Китоби Муқаддас харад. Бигузор дар аввал ин Китоби Муқаддаси кӯдакона бошад, ки дар он фармудаҳои Худо ба забони бароят фаҳмо баён карда шудаанд.
Дар ҳама ҷо дуо гуфтан мумкин аст. Азбаски ҳам бо овози баланд, ҳам дар дили худ дуо гуфта метавонӣ, ту ин корро дар ҳама ҷо карда метавонӣ. Ва муҳим нест, ки дар ин маврид рост истодаӣ, давида истодаӣ, ё ҳатто дароз кашидаӣ. Ту метавонӣ дар ҳуҷраи серғавғои пур аз одамон, ё тамоман танҳо, дар ҷойи хоби худ дуо гӯӣ. Ту метавонӣ дар мошин, ҳангоме ки ба ягон ҷой равона ҳастӣ, ва ё ҳангоми соатҳои ороми иҷро кардани вазифаи хонагӣ дуо гӯӣ. Ту метавонӣ ҳангоми сайру гашт ё дар парки бозиҳои шавқовар дуо гӯӣ. Дар ҳар ҷое ки бошӣ ва бо ҳар коре ки машғул бошӣ, Худо ҳамеша туро мешунавад.
Агар ба Худо муҳаббат ва эҳтироми махсус изҳор намуданӣ бошӣ, беҳтараш дар ягон ҷои ором дар танҳоӣ ба зону ист, чунон ки Исо дар лаҳзаҳои хоҳиши сахти баён намудани муҳаббати Худ ба Падари Осмонӣ мекард. Ту аксаран дар куҷо дуо мегӯӣ?
Ту дар ҳар вақт ба Худо муроҷиат карда метавонӣ, чунон ки ба дӯстони худ бо телефон муроҷиат менамоӣ, аммо дар ин маврид рақами телефонро гирифтан лозим намешавад. Танҳо номи Ӯро гирифтан кифоя аст. Магар ин душвор аст?
Ту метавонӣ нисфишабӣ ба Худо муроҷиат намоӣ — ва Ӯ дар бари ту хоҳад буд. Ту метавонӣ аз болои кӯҳи баландтарин, аз миёнаҷои уқёнус, аз кишвари дигар ба Худо муроҷиат намоӣ — ва Худо ба ту ҷавоб мегӯяд. Ту дар ҷавоб ҳеҷ гоҳ сигнали «машғул аст»-ро намешунавӣ ва дар он тарафи хати телефон гӯшакро намегузоранд. Азбаски дуоҳои ту барои Худо хеле муҳим мебошанд, хати телефоне ки туро бо Ӯ мепайвандад, ҳамеша озод аст.
Он чи дили туро пур кардааст, барои Худо хеле муҳим аст, чунки Ӯ дар ҳаққи Ту ғамхорӣ мекунад. Ҳамаи он чи туро ба ташвиш меоварад, Ӯро низ ба ташвиш меоварад. Худо мехоҳад, ки ту «пайваста» дуо гӯӣ (1 Тасл. 5.17). Ин маънои онро дорад, ки ту бояд ҳарчи бештар дуо гӯӣ, аммо албатта, на ҳар дақиқа. Ту бояд ҳар дафъае ки талаботи дуо гуфтанро ҳис мекунӣ, дуо гӯӣ.
Инак якчанд намунаҳои чунин дуоҳо: «Худованд, барои навиштани ин кори санҷишӣ ба ман ёрӣ деҳ»; «Худованд, маро ҳимоя намо; «Худованд имрӯз падару модари маро дар ҷои корашон баракат деҳ»; «Худованд, ба дастаи ман ёрӣ деҳ, ки рӯзи шанбе дар мусобиқа ғолиб ояд»; «Худованд, дӯсти маро баракат деҳ». Дар хусуси ҳамаи он чи туро ба ташвиш меоварад, дуо гуфтан лозим аст.
Худо аз байни ҳамаи одамон кӯдаконро махсус ҷудо мекунад. Китоби Муқаддас аз он шаҳодат медиҳад, ки Исо кӯдакони хурду калонро то чӣ андоза дӯст медошт. Ҳангоме ки Ӯ дар рӯи замин зиндагӣ мекард, агар шогирдон кӯдаконро назди Ӯ омадан нагузоранд, Ӯ хеле хашмгин мешуд. Боре, ҳангоме ки одамон кӯдаконашонро бо худ оварданд, то ки Исо ба онҳо даст расонад, шогирдонаш талаб намуданд, ки Устодро бо чунин корҳои беаҳамият безобита накунанд. Аммо Исо аз рафтори шогирдон дарғазаб шуда, гуфт: «Кӯдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд, ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Подшоҳии Худо ба чунин касон тааллуқ дорад» (Марқ. 10:14).
Ин суханони хеле қавӣ мебошанд, онҳо маънои онро доранд, ки Худо тайёр аст ҳамаи дороии Худро диҳад — фақат аз боиси он ки ту кӯдак ҳастӣ. Ва агар ту аз Исо хоҳиш карда бошӣ, ки ба дилат дохил шавад, пас ту яке аз кӯдакони интихобшудаи Ӯ гардидаӣ. Ибораи «Худоро ба дили худ роҳ додан» маънои онро надорад, ки Худо ба маънои ҳақиқӣ ба бадани ту медарояд. Ин маънои онро дорад, ки Рӯҳи Ӯ дар даруни ту сокин мешавад. Ҳангоме ки ту Исоро ба дили худ қабул мекунӣ, Ӯ Рӯҳулқудси Худро мефиристад, то ки Ӯ дар он гӯшаи дили ту, ки барои Ӯ муқаррар шудааст, сокин шавад.
Исо ҳамчунин ба халқ ва ба шогирдон гуфт, ки агар калонсолон монанди кӯдакон нашаванд, ба Подшоҳии Ӯ даромада наметавонанд, зеро танҳо кӯдакон бо боварӣ, умед, дили поки пурҳарорат назди Ӯ меоянд. Калонсолон дар ин маврид аз кӯдакон бисёр чизҳоро омӯхта метавонанд.
Исо ба халқ ва ба шогирдон ин суханонро гуфта, дастонашро бар сари кӯдакон гузошт ва онҳоро баракат дод. Ба фикри ту, оё кӯдакон дар он рӯз дилҳои худро ба Исо кушоданд ва оё ба Ӯ имон оварданд? _________.
Исо мехоҳад, ки ту низ ба Ӯ дили худро кушоӣ ва аз Ӯ хоҳиш намоӣ, ки ба дили ту дарояд. Оё ту аллакай Исоро ҳамчун Наҷотдиҳанда эътироф кардаӣ ё ҳанӯз не? Агар ҳеҷ гоҳ дилатро ба Исо накушода бошӣ, оё ҳозир ин корро кардан намехоҳӣ? Агар хоҳиш дошта бошӣ, ки Масеҳро қабул намоӣ, ба Ӯ бо чунин суханон муроҷиат намо:
Ва акнун таърихи рӯз, моҳ, сол ва синни худро навис, то ки он рӯзе ки ба Масеҳ рӯ овардӣ, барои ҳамеша дар хотир нақш бандад.
Рӯз _______________ Моҳ__________________
Сол_______________Синн _________________
Агар ту аллакай дили худро ба Исо кушода бошӣ, навис, ки ин кай рӯй дод. Агар ту рӯзашро дар ёд надошта бошӣ, фақат навис, ки ҳангоме ба Масеҳ рӯ овардӣ, чандсола будӣ.
Ҳамаи онҳое ки ба Исо имон доранд, бо ҳам алоқаманд ва муттаҳид буда, «Бадани Масеҳ»-ро ташкил медиҳанд, ва кӯдакон қисми муҳимтарини ин Бадан мебошанд. Чаро? Чунки дили кӯдак соф аст.
Ман дар хона мошини калон дорам. Боре он вайрон шуд. Механик омада, гуфт, ки ҳамагӣ як детали хурдакакеро, ки аз кор баромадааст, иваз кардан лозим аст. Агарчи мошин дар муқоиса бо ин детали хурдакак хеле калон буд, бе ин детал кор карда наметавонист.
Бадани Масеҳ монанди мошини калон аст, ва кӯдакон монанди деталҳои хурдакак. Худо мегӯяд, ки агарчи ҳар як детали мошин муҳим аст, ба ҳар ҳол қисмҳои хурдтарини онҳо муҳимтар мебошанд. Механизм ҳар қадар калон бошад ҳам, бе деталҳои хурд кор карда наметавонад. Кӯдакон қисми муҳимтарини Бадани Масеҳ мебошанд, зеро дилҳои онҳо пок мебошанд ва онҳо тайёранд бо боварӣ муҳаббати Худоро қабул намоянд.
Боре шогирдони Исо назди Ӯ омада, пурсиданд: «Дар Подшоҳии Осмон бузурргтар кист?» (Мат. 18:1). Исо кӯдакеро назди Худ даъват намуда, дар байни шогирдон гузошт ва гуфт: «…агар бозгашт накунед ва монанди кӯдакон нашавед, ба Подшоҳии Осмон намедароед…» (18:3). Ва давом дод: «Ҳар кӣ худро мисли ин кӯдак фурӯтан созад, дар Подшоҳии Осмон вай бузургтар аст» (18:4).
Аз ин ҷо бармеояд, ки ҳар касе ки дар Подшоҳии Осмон аввалин шудан мехоҳад, бояд худро фурӯтан намояд ва дилашро пок гардонад, то ки он мисли дили кӯдак пок гардад.
Исо ҳамчунин ба шогирдон дар хусуси кӯдакон як чизи муҳимро гуфт: калонсолон набояд ба кӯдакон беаҳамиятӣ кунанд, чунки фариштаҳои ҳимоятгари кӯдакон ҳамеша рӯи Падари Осмонии Ӯро мебинанд (ниг. Мат. 18:10). Ин маънои онро дорад, ки ту фариштаи ҳимоятгар дорӣ, ки доимо туро нигаҳбонӣ менамояд ва ба Худо чунон наздик аст, ки рӯи Ӯро мебинад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ту барои Худо хеле муҳим ҳастӣ.
Худо кӯдаконро дӯст медорад. Дар ин бора дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст. Бинобар ин ӯ ҳамеша дуоҳои онҳоро мешунавад. Ба калонсолон Китоби Муқаддас чунин маслиҳат медиҳад: агар онҳо дилпур будан хоҳанд, ки Худо дуоҳои онҳоро мешунавад, бояд дилҳояшонро монанди дилҳои кӯдакон гардонанд.
Ҳангоме ки Исо дар рӯи замин мезист, Ӯ ҳамеша ба кӯдакон муҳаббати зиёд зоҳир менамуд: Ӯ онҳоро дар наздаш ҷамъ карда, бо онҳо сӯҳбат менамуд, Ӯ бар сарҳои онҳо даст гузошта, онҳоро баракат медод. Ҳозир, ки Масеҳ дар осмонҳост, Ӯ кӯдаконро на камтар аз пештара дӯст медорад. Пагоҳ ва дар дилхоҳ рӯзи дигар Ӯ туро монанди имрӯз дӯст хоҳад дошт. Худо кӯдаконро тӯҳфаи гаронбаҳои Худ меномад, ки маънои онро калонсолон бояд дуруст фаҳманд ва ҳамеша дар ёд дошта бошанд.
Исо гуфтааст: «…ҳар кӣ яке аз ин кӯдаконро ба исми Ман қабул намояд, вай маро қабул мекунад» (Мат. 18:5; курсиви ман — С. О.). Ин суханон нишон медиҳанд, ки ту барои Худо муҳим ҳастӣ, Ӯ туро чунон дӯст медорад, ки ҳар касе ки ба ту некӣ кунад, ба Худо некӣ мекунад. Ин дили Худоро шод менамояд.
Ту ҳар қадар хурд бошӣ, дуоҳои ту барои Худо хеле муҳиманд. Аз ҳамин сабаб ҳангоме ки дуо мегӯӣ, корҳои бузург ба амал омада метавонанд.
Исо дар бораи дуо гап зада, як фикри муҳимро таъкид менамуд. Ӯ мегуфт, ки мо бояд ба номи Ӯ дуо гӯем. Исо гуфт: «Агар чизе ба исми Ман биталабед, Ман онро ба ҷо хоҳам овард» (Юҳ. 14:14). Дуои ба номи Исо гуфташударо Худо зудтар мешунавад.
Тасаввур кун, ки ту бо чунин суханон дари хонаи касеро тақ-тақ мекунӣ: «Ман писари шуморо медонам — ӯ дӯсти наздики ман аст». Дар ҷавоб ту чунин суханонро мешунавӣ: «Ҳар дӯсти писари ман дӯсти ман аст. Даро ва гӯй, ки ман барои ту чӣ кор карда метавонам». Ҳангоме ки мо ба Худо бо суханони «ба номи Исо дуо мегӯям» муроҷиат мекунем, мо гӯё ба Ӯ мегӯем: «Ман Писари Туро мешиносам, Ӯ дӯсти наздики ман аст», ва дар ҷавоб мешунавем: «Агар ту Писари Маро мешинохта бошӣ, дар пеши Ман ист ва дар бораи эҳтиёҷоти худ гап зан, ки ба ту чӣ гуна ёрдам диҳам». Дуои мо, ки ба номи Исо гуфта шудааст, қувваи ғайриодӣ дорад.
Ҳангоме ки ту бо Худо гап мезанӣ, Ӯ гоҳо ҳамчунин бо ту гап мезанад. Албатта, ту овози Ӯро шунида наметавонӣ, зеро Ӯ ба дили ту муроҷиат мекунад. Ӯ ба ту дар бораи чизҳои бисёр гап мезанад: дар бораи он чи кардан даркор аст ва он чи кардан даркор нест; дар бораи он ки ба куҷо рафтан даркор аст ва ба куҷо рафтан даркор нест. Худо ба ту он чиро ошкор карда метавонад, ки ту намедонӣ. Ӯ барои аз вазъияти душвор баромадан ба ту ёрӣ дода метавонад. Ӯ метавонад ба ту дар бораи он гап занад, ки чӣ тавр туро дӯст медорад ва бо ту муошират намудан ба Ӯ то чӣ андоза хуш аст.
Гоҳо мо ҳангоми дуо он қадар бисёр гап мезанем, ки ба Худо имкон намедиҳем дар ҷавоб чизе гӯяд. Ҳангоми дуо чунин гуфтанро фаромӯш накун: «Худовандо, бо ман гап зан ва ба ман он чиро, ки бояд донам, ошкор намо». Баъд якчанд дақиқа сабр кун ва гӯш андоз: шояд Худованд ба дили ту муроҷиат карда истодааст. Ӯ метавонад ба ту чизеро нишон диҳад, ки дар борааш на он қадар андеша менамоӣ, аммо барои он дуо гуфтан лозим аст.
Боре ман китоби хеле муҳим ва гаронбаҳоро гум кардам ва бо вуҷуди кӯшишҳои зиёд онро ҳеҷ ёфта наметавонистам. Ман аз он ғамгин будам, ки ин қадар вақтро барои ҷустуҷӯ беҳуда сарф кардам. Ҳангоме ки ман ба Худо дуо гуфта, аз Ӯ мадад хостам, дар пеши назари хаёлии ман дарҳол дивани хонаи қабули меҳмонон пайдо шуд. Ман ба он ҷо шитофтам ва китобро дар фарши хона дар зери диван ёфтам — чунон ки маълум шуд, китоб ба он ҷо ғалтидааст. Ман тамоман фаромӯш кардаам, ки пеш аз хӯроки шом онро ба такяи диван гузошта будам. Ман боварӣ дорам, ки Худо чӣ кор карданро ба ман гуфт.
Дар Китоби Муқаддас дар бораи Самуил ном писараки хурде гуфта мешавад, ки овози Худоро мешунид, аммо намедонист, ки ба ӯ Кӣ муроҷиат карда истодааст. Мо бо он писарак бисёр умумиятҳо дорем, зеро мо низ на ҳамеша овози Худоро, ки дар диламон садо медиҳад, фаҳмида метавонем. Мо интизор нестем, ки Худо умуман метавонад ба мо муроҷиат кунад, ва аз ҳамин сабаб маънои он чиро, ки Ӯ ба мо гуфтан мехоҳад, намефаҳмем.
Худо хеле бештар аз он чи гумон мекунӣ, бо ту гуфтугӯ кардан мехоҳад. Ба номи Исо дуо гуфтанро сар карда, аз Худо хоҳиш намо, ки бо ту гап занад, баъд муддате хомӯш бош, то ки овози маҳин ва ороми Ӯро, ки ба дили ту муроҷиат мекунад, шунавӣ. Шояд ту ҳеҷ гуна суханонро намешунавӣ, аммо осудагии махсус, амиқро эҳсос менамоӣ, ва ин пурра кифоя хоҳад буд.
БОБИ 2
ҲАНГОМЕ КИ МЕТАРСАМ, БА ХУДО ДУО МЕГӮЯМ
Оё ту қиссаи Довуд ва Ҷолиётро медонӣ? Довуд писараки яҳудӣ буд, ки баъд подшоҳи Исроил шуд; Ҷолиёт бошад бузургҷуссае буд, ки дар сафи лашкари фалиштиён — душманони Исроил — меҷангид. Ҷолиёт сарбози боқувваттарин буд. Қади ӯ аз ду метр зиёдтар буд, ва ҳамаи сарбозони исроилӣ аз ӯ метарсиданд.
Боре лашкари фалиштиён ба исроилиён барои муҳориба ба ҳам омаданд ва дар ду тарафи водӣ, ки онҳоро аз ҳам ҷудо мекард, ҷойгир шуданд. Ҷолиёт ба пеш баромада, ба душманонаш нидо кард: «Кадоме аз шумо бо ман меҷангад? Оё дар байни шумо чунин шахс ҳаст? Агар ӯ маро мағлуб кунад, мо ба шумо хизмат мекунем, аммо агар мағлуб шавад, шумо ғуломони мо мешавед» (ниг. 1 Подш. 17:8–9).
Ҷолиёт мехост, ки касе аз исроилиён ба ҷанги зидди ӯ барояд, аммо чунин шахс ёфт нашуд, зеро ҳама дар назди ӯ аз тарс меларзиданд.
Ҳамон рӯз Довуд барои се бародари худ, ки сарбозони лашкари Исроил буданд, хӯрок мебурд. Довуд шунид, ки Ҷолиёт худписандона исроилиёнро ба майдон даъват менамуд. Ӯ дар давоми чил рӯз ҳар пагоҳӣ чунин мекард. Довуд хеле хашмгин шуд, зеро ин бузургҷуссае ки Худоро намешинохт, ҷуръат намуд халқеро таҳқир намояд, ки Худои ҳақиқиро
«Ман шер ва хирсро куштаам, — гуфт Довуд ба сарлашкари исроилиён. — Худованд, ки ба ман имкон дод онҳоро мағлуб намоям, ба ман қувват медиҳад, ки ин фалиштии худобехабарро мағлуб намоям» (Ниг. 1 Подш. 17:36–37).
Имони амиқ ба Худо, ки Довуд дошт, ба ҳеҷ гуна тарс дар дил ҷой намедод, зеро ӯ медонист, ки Худо ӯро ҳимоя мекунад.
Азбаски либосу аслиҳаи ҷангӣ беҳад калон ва вазнин буданд, Довуд қарор дод, ки онҳоро дар бар накунад, балки фақат фалахмон ва панҷ санги суфтаро, ки дар қарибӣ ёфта буд, бо худ гирад. Пас аз ин ӯ далерона ба водӣ ба назди бузургҷусса фаромад. Ҷолиёт Довудро дида, бо истеҳзо хандид. Ӯ кӯшиш мекард ҳарифашро ҳарчи бештар таҳқир намояд, зеро ӯро ҷиддӣ қабул накард, чунки дар пеши ӯ бачаи ҷавон меистод. Илова ба ин, азимҷусса намедонист, ки
Ба Ҷолиёт наздик шуда, Довуд фалахмони худро тоб дод ва сангро рост ба сари бузургҷусса равона кард. Ҷолиёт ба замин афтид. Довуд назди ӯ давид ва шамшерро гирифта, ӯро кушт.
Инро дида, фалиштиён хеле тарсиданд. Онҳо фаҳмиданд, ки агар ин бачаи хурд аз лашкари исроилиён калонтарин ва боқувваттарин сарбози лашкари онҳоро мағлуб карда бошад, онҳо ҳеҷ имконияти ғолиб омадан надоранд. Ва онҳо рӯ ба гурез ниҳоданд.
Бо вуҷуди ҷавон буданаш, Довуд ба Худо имони амиқ дошт. Ӯ боварӣ дошт, ки ғолиб мешавад, зеро Худо ҷонибдори ӯ буд. Ва ӯ ҳақ буд.
Оё медонӣ ки дуоҳоят монанди фалахмони Довуд мебошанд? Дар зиндагӣ бо ягон бузургҷусса — масалан, бо бузургҷуссаи тарс — рӯ ба рӯ шуда, ту дуо гуфта метавонӣ, ва дуои ту монанди санги бо фалахмон партофташуда амал мекунад, ва имони ту ба он қувват ва суръат медиҳад. Дуои ту ҳамаи бузургҷуссаҳоро дар ҳаёти ту мағлуб карда метавонад. Аз он ҷумла бузургҷуссаи тарсро. Дуоҳои ту қувват доранд, зеро Худо дар тарафи туст. Ҳангоме ки ту дуо мегӯӣ,
Кӯдакони ҳозира набояд аз ягон чиз тарсанд. Ман аз он сабаб ин тавр мегӯям, ки бо бисёр кӯдакон сӯҳбат кардаам, ва аксари онҳо дар бораи ҳамон як тарсҳо гап мезаданд. Ин аз он сабаб аст, ки ҷаҳони мо сарчашмаи бисёр тарсҳо мебошад, ва кӯдакон инро ҳис мекунанд. Дар рӯи замин касе нест, ки аз ҳеҷ чиз натарсад.
На ҳар гуна тарс моҳиятан харобиовар аст. Гоҳо тарс моро аз хатар нигоҳ медорад. Он имкон намедиҳад, ки ба лаби ҷарӣ наздик шавӣ, ва ин хуб аст. Аммо агар тарс ҳаёти туро идора кунад, хоб рафтан, хурсандӣ кардан намонад ва ба иҷрои коре ки Худо аз ту интизор аст, имкон надиҳад, — пас ту бояд аз он халос шавӣ, зеро чунин тарс ба ту фоида намеоварад. Он ба ту зарар мерасонад. Дар ин маврид ту бояд дар хусуси он чи дар ту тарсро ба вуҷуд меоварад, дуо гӯӣ.
Агарчи ҳақиқатан чизҳои тарсовар ҳастанд, Худо ба ҳар ҳол намехоҳад, ки ҳаёти ту бо тарс гузарад. Ӯ мехоҳад, ки ту дар бораи ҳамаи он чи туро метарсонад, ба Ӯ нақл кунӣ. Ҳангоме ки ту метарсӣ, Худо интизор аст, ки ту ба Ӯ муроҷиат мекунӣ, то ки Ӯ дили туро аз тарс озод карда, онро бо муҳаббати худ пур карда тавонад.
Дар Каломи Худо гуфта шудааст, ки муҳаббати комил ҳама гуна тарсро меронад. И маънои онро дорад, ки дар он ҷое ки муҳаббати Худо ҳаст, ба тарс ҷой нест. Ҳангоме ки ту дуо мегӯӣ, дари ҷараёни тавонои муҳаббати Худоро мекушоӣ. Ҳузури Худо ва муҳаббати Худо ҳамаи тарсҳоро меронанд.
Аммо агар тарс туро тарк накунад, аз касе ки ба ӯ боварӣ дорӣ — аз падар, модар ё ягон масеҳӣ хоҳиш намо, ки ҳамроҳи ту дуо гӯяд. Дуои якҷоя қувваи бузург дорад ва тарсро боз ҳам зудтар меронад. Ин аз он сабаб рӯй медиҳад, ки чунон ки Худо мегӯяд, дар он ҷое ки ду ё зиёда касон ба номи Ӯ якҷоя ҷамъ мешаванд, Ӯ дар байни онҳо ҳаст (ниг. Мат. 18:19–20). Бо дигарон, ҳатто бо як кас якҷоя дуо гуфта, ту аз Худо хоҳиш мекунӣ, ки ҳамроҳи шумо бошад, ва ҳамроҳи шумо будани Худо тарсҳоро меронад.
Худо туро аз ҳама гуна тарс озод кардан мехоҳад, ва аз ҳамин сабаб ту бояд ба Ӯ дар дуои худ оиди ҳамаи он чи туро метарсонад, нақл кунӣ. Дар бораи он чи туро метарсонад, бо Худо ошкоро гап зада, ба Ӯ бо хоҳиши ҳимоя аз ҳамаи ин муроҷиат намуда, ту ба Ӯ боварӣ менамоӣ ва тарсҳоятро ба дастони Ӯ месупорӣ.
Ин тарсҳо ҳар қадар тавоно тобанд ҳам, Худо ба ҳар ҳол аз ҳамаи онҳо тавонотар аст. Агар ту хоҳиш кунӣ, Худо ҳамеша ба ёрии ту меояд. Агар ту дар дуо зуд-зуд бо Худо сӯҳбат карда, ба Ӯ дар бораи ҳамаи тарсҳоят нақл кунӣ, ҳатто агар ягон вақт ту дуо гуфтанро фаромӯш кунӣ ҳам, Ӯ ба ту ёрӣ медиҳад.
Одатан касе ки бо тарс фаро гирифта шудааст, ҳисси воқеиятро аз даст медиҳад ва аз он чи дар асл тамоман барои ӯ хатар надорад, метарсад.
Замоне ман як тарс доштам: ман аз аъҷубаи хаёлии зери кати хобам хеле метарсидам. Ин тарс маро то он вақт азоб медод, ки Худо маро аз ҳамаи тарсҳоям озод кард. Ман солҳои зиёд аз аъҷубаи хаёлии зери кат метарсидам, агарчи ӯ ҳеҷ гоҳ дар он ҷо набуд. Агарчи ҳеҷ яке аз дӯстонам дар зери кат ҳеҷ гуна аъҷуба надошт ва ман худам дар бораи аъҷубае ки дар зери кат зиндагӣ мекунад, чизе нашунида будам, бо вуҷуди ин якчанд сол бо ҳисси тарс аз он чи ҳеҷ гоҳ вуҷуд надошт, зиндагӣ кардам.
Ба ҳар ҳол, дар ҳаёти ман воқеаҳое рӯй медоданд, ки аз онҳо дар ҳақиқат тарсидан лозим буд, аммо ҳангоме ки тарс маро фаро мегирифт, ман ба Худо дуо гуфтанро ёд гирифтам. Ҳангоме ки ман дар Лос-Анҷелес зиндагӣ мекардам, аз заминларзаҳо хеле метарсидам ва ҳар рӯз аз Худо хоҳиш менамудам, ки маро ва аҳли оилаамро аз ин фалокат ҳимоя намояд. Заминларзаҳое ки мо бо чашмони худ дида будем, моро метарсонданд, аммо ҳар дафъа Худо моро наҷот медод.
Дар ниҳояти кор ман доимо дар бораи заминларзаҳо андешиданро бас кардам, зеро агар мо дуо гӯем, Худо моро ҳимоя мекунад ва аз тарсҳоямон озод менамояд.
Боре, ҳангоме ки Исо бо қаиқ дар баҳр ҳамроҳи шогирдонаш шино мекард, тӯфони сахте рӯй дод. Шогирдон хеле тарсиданд, ки қаиқ чаппа мешавад ва ҳама ҳалок мешаванд. Исо онҳоро ором карда, гуфт, ки қаиқ ғарқ намешавад, зеро Ӯ ҳамроҳи онҳо дар қаиқ аст (ниг. Мат. 8.26). Ту бояд ин чизро дар ёд нигоҳ дорӣ: ҳангоме ки метарсӣ, метавонӣ ба Исо муроҷиат намоӣ, ва Ӯ меояд. Ӯ ҳамеша дар бари ту дар қаиқи туст, ва ҳузури Ӯ туро ҳимоя мекунад.
Оё ягон вақт тарсеро ҳис кардаӣ, ки сабабашро намедонистӣ? Гоҳо ягон фикри даҳшатовар ё намоиши телевизионӣ, китобчаи даҳшатовар ё ҳикояи даҳшатовари дӯстон моро метарсонад. Аммо гоҳо чунин мешавад, ки туро тарс фаро мегирад, лекин ту намефаҳмӣ, ки маҳз аз чӣ метарсӣ.
Боре писарам Кристофер, ки он вақт 11-сола буд, бе ҳеҷ як сабаби намоён хобҳои даҳшатовар медидагӣ шуд. Ҳанӯз пештар тамоши филмҳои даҳшатовар барои ӯ манъ шуда буд, ва дар ин муддат бо ӯ ҳеҷ воқеаи даҳшатовар рӯй надода буд, бинобар ин мо ҳайрон будем. Мо ҳар бегоҳ ҳамроҳи Кристофер дуо мегуфтем, аммо хобҳои даҳшатовар ӯро боз ҳам таъқиб менамуданд. Боре, ҳангоме ки ӯ дар мактаб буд, ман барои ӯ дуо мегуфтам, ва ногоҳ ҳис кардам, ки Худо маро водор мекунад ба ҳуҷраи писарам даромада, бозиҳои видеоии ӯро бинам.
Дарҳол як бозии саргузаштии нақшдорро дида мондам, ки ба Кристофер яке аз рафиқони ҳаммактабаш дода буд. Агарчи зоҳиран қуттича муқаррарӣ метофт, дар дастури бозӣ ман як чизи бадро дидам. Ман гуфтам: «Туро шукр мегӯям, Исо, барои он ки инро ба ман нишон додӣ» — ва дарҳол ин бозии видеоиро аз ҳуҷра берун баровардам
Ҳангоме ки Кристофер аз мактаб баргашт, ман ба ӯ онро нишон додам. Ӯ гуфт, ки ҳанӯз бо он бозӣ аз наздик шинос нашудааст ва дастури онро низ нахондааст. Ӯ дарҳол он бозиро ба соҳибаш баргардонд. Ҳангоме ки бегоҳӣ падари Кристофер ба хона омад, мо ҳама якҷоя дуо гуфта, Ӯро ба ҳуҷраи писарамон даъват намудем, ва хоҳиш кардем, ки Худованд онро бо осоиши Худ пур кунад. Худи ҳамон шаб хобҳои даҳшатноки писарам қатъ гардиданд.
Агар рӯзона ё шабона дар ҳуҷраат метарсида бошӣ, агар хобҳои даҳшатовар бинӣ, аз падар, модар ё ягон масеҳии калонсол, ки ба ӯ боварӣ дорӣ хоҳиш кун, ки ҳамроҳи ту дар бораи раҳоӣ аз тарс дуо гӯяд. Аз Худо хоҳиш кун ба ту нишон диҳад, ки оё дар ҳуҷраи ту ягон чизе ҳаст, ки Ӯро ҷалол намедиҳад. Кӯшиш кун аз ҳамаи он чи айбҳои инсонӣ ё одамони бехудоро ситоиш мекунад (плакатҳо, дискҳои мусиқӣ, китобҳо, маҷаллаҳо, бозиҳо, суратҳо, филмҳо), даст кашӣ. Бе ин чизҳо ту хеле осудатар хоб меравӣ.
Худо аз ҳамаи он чи туро метарсонад, тавонотар ва боқувваттар аст. Дар ҳузури Худованд ту набояд аз чизе тарсӣ. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Худованд нури ман ва наҷоти ман аст: аз кӣ тарсон бошам? Худованд истеҳкоми ҷони ман аст: аз кӣ ҳаросон бошам?» (Заб. 22:1). Магар ин мӯъҷизаосо нест?
Агар Худованд нури ту бошад, ҳатто агар дар торикӣ бошӣ ҳам, рӯшноии Ӯ бо туст. Агар Худованд қуввати ту бошад, ҳатто дар рӯ ба рӯи вазъиятҳои тарсовар ва гӯё рафънашаванда ту намеларзӣ, зеро онҳо ҳеҷ гоҳ аз Худои тавоно тавонотар нестанд. Ва Худо ҳамеша дар тарафи туст.
БОБИ 3
ҲАНГОМЕ КИ МАН ДАРДЕ ДОРАМ, БА Худо МУРОҶИАТ МЕКУНАМ
Оё ягон вақт дарду алам ва ранҷиш ҳис кардаӣ? Шояд маҳз ҳозир ту ҳамин гуна ҳиссиёт дорӣ? Оё чунин шудааст, ки ҳангоме ки ҳама атрофиён хурсанд метофтанд, ту ғамгин будӣ? Агар чунин бошад, гумон накун, ки дар ту ягон из нодуруст аст. Ин дурӯғ аст. Ҳамаи одамон дар рӯи замин вақтҳои хуб ва бад, хурсандибахш ва ғамангез, хушбахтона ва бадбахтона доранд. Ҳаёт ҳамин тавр аст.
Ҳангоме ки ту ғамгин ҳастӣ ё аз касе ранҷидаӣ, дар ин бора ба Худо бигӯй, ва ӯ дарди туро осуда мекунад. Ӯ ҳиссиёти туро дигаргун мекунад. Ва аз он ки дигарон, бар хилофи ту, ҳамеша хурсанд метобанд, парво накун, зеро намедонӣ, ки чӣ гуна шодӣ туро дар пеш интизор аст ва кай бо он вомехӯрӣ: шояд пас аз як соат, шояд пагоҳ. Ту ҳамчунин намедонӣ, ки дигарон бо кадом озмоишҳо дучор хоҳанд шуд. Ҳар кас барои ғам ва шодӣ вақти худро дорад. Ҳамеша ҳамин тавр аст.
Мушкилиҳо дар роҳи зиндагии мо мақсади муайяне доранд, Аввалан, онҳо туро водор мекунанд, ки дуо гӯӣ, ба Худо муроҷиат намуда, ба Ӯ дар бораи ҳиссиёти худ гап занӣ, то ки Ӯ дарди туро ба некӯӣ гардонда тавонад.
Сониян, вақтҳои душворӣ ба ту чизи навро меомӯзанд. Дар чунин давраҳо ту мефаҳмӣ, ки чӣ гуна ба дигарон ҳамдардӣ кардан лозим аст. Вақтҳои душворӣ ёрӣ медиҳанд бовар намоӣ, ки Худо вазъиятро сӯи беҳбудӣ тағйир дода метавонад, ва ҷавобҳои Ӯро ба дуоҳои худ пурсаброна интизор шавӣ.
Баъзе кӯдакон ба ҳиссиёти дигарон бепарвоянд. Ин кӯдакон дигар хел буда ҳам наметавонанд, зеро падару модар эҳтиром намудани ҳиссиёти атрофиёнро ба онҳо ёд надодаанд. Ин кӯдакон ба ҳамсолони худ суханони нафратоваре мегӯянд, ки онҳоро хеле меранҷонанд. Баъзе бачаҳо ҳамчун авбошони ҳақиқӣ рафтор менамоянд. Онҳо худпараст буда, ғайр аз худ дар ҳаққи каси дигар ғамхорӣ намекунанд (духтаракон низ ҳамин тавр буда метавонанд).
Оё ту ягон вақт шунидаӣ, ки писар ё духтареро бо суханони бад ва аламовар таҳқир карда бошанд? Ман шунидаам, ки кӯдакон якдигарро «бадзот», «ғафс», «беақл», «аҳмақ» меноманд. Ман чунин суханонеро низ шунидаам, ки такрор карда наметавонам, — онҳо то он андоза даҳшатовар ва аламовар буданд. Ман тасаввур карда метавонистам, ки шахсе ки ин суханон ба ӯ гуфта шуда буданд, то чӣ андоза дарду алам эҳсос менамуд, аммо ман он вақт хурдакак ва беҷуръат будам, то ки ӯро ҳимоя намоям, бинобар ин хомӯш будам.
Агар касе дар пеши назари ту писарак ё духтаракеро ранҷонад, барои шахси ранҷида дуо гуфта, аз Ӯ хоҳиш намо, ки дарду алами ӯро сабук кунад. Ҳамчунин барои шахси ранҷонанда дуо гӯй, то ки Худо дили Ӯро дигаргун карда, ба ӯ ҳамдардиро омӯзад. Ман борҳо дидаам, ки Худованд ба чунин дуоҳо ҷавоб додааст.
Ҳангоме ки шахсро бо лақабҳои бад ном мебаранд, ӯ инро ба муддати солҳо дар ёд нигоҳ медорад, ва ҳар боре ки он лақабҳои таҳқиромезро ба ёд меоварад, дарду алам бозмегардад. Суханони бад на танҳо касеро, ки онҳо ба ӯ гуфта шудаанд, балки ҳамчунин касонеро, ки онҳоро мешунаванд, меранҷонанд. Ин суханон ба шахси ранҷонанда низ зарар мерасонанд, агарчи ӯ инро пай намебарад. Ин аз он сабаб рӯй медиҳад, ки касе ки шахси дигарро бо суханони таҳқиромез номбар мекунад, ё дар ҳаққи ӯ бадгӯӣ мекунад, ба баракатҳои Худо имкон намедиҳад, ки ба сӯи ӯ ҷорӣ шаванд. Ба Худо маъқул нест, ки касе ягон нафари фарзандони Ӯро таҳқир мекунад ё меранҷонад, ва ягон вақт соати ҷазо фаро мерасад.
Оё ягон вақт суханони шахси дигар туро ранҷондаанд? Маро ранҷондаанд. Оё ту бо писарак ё духтараки дағал ва беҳиссиёт вохӯрдаӣ? Ман вохӯрдаам. Оё ягон вақт мушоҳида кардаӣ, ки гурӯҳи кӯдакон зидди ягон писарак ё духтарак муттаҳид шуда, ӯро аз ҷамъияти худ меронданд? Ман инро дидаам. Оё ягон вақт шунидаӣ, ки гурӯҳи кӯдакон дар бораи яке аз ҳамсолонашон гапҳои бад мегӯянд, ва кӯшиш мекунанд ҳарчи бештар одамон ин суханонро шунаванд, то ки ин шахсро беобрӯ кунанд? Ман шоҳиди чунин мавридҳо будам. Шояд, ту низ.
Агар чизе ба ин монанд дар ҳаёти ту рӯй дода бошад, дар ёд нигоҳ дор, ки одамон (аз он ҷумла, кӯдакон) ҳар қадар бераҳм бошанд, Худо нек ва меҳрубон аст. Агар ҳозир касе туро ранҷонад, дон, ки Худо дар тарафи туст. Ба Худо дар бораи захмҳои рӯҳии худ гӯй ва аз Ӯ хоҳиш кун, ки рӯҳу ҷони туро шифо диҳад; аз Ӯ хоҳиш намо, ки туро аз хотираҳои дарднок озод кунад ва касонеро, ки бо ду бераҳмӣ кардаанд, бахшад.
Чӣ чиз бадтар аз он буда метавонад, ки кас худро ранҷида ҳис кунад? Кас аз ин зиқ мешавад, ва дарду алам касро фаро мегирад. Гоҳо ба шахси ранҷонанда ҳамон гуна ҷавоб додан мехоҳӣ, то ки ӯ низ ҳис кунад, ки ин то чӣ андоза дарднок аст. Аммо Худо мефармояд, ки касонеро, ки ба ту дард мерасонанд, бахшӣ. Набояд фикр кунӣ, ки агар шахсро бахшӣ, рафтори ӯро таҳсин менамоӣ, — дар асл ту қарор медиҳӣ дигар дар бораи он чи рӯй дод, фикр накунӣ, ва аз ин одамон наранҷӣ.
Бахшидани касе ки ҳиссиёти туро таҳқир намуд, хеле душвор аст. Агар туро барқасд ранҷонда бошанд, аз он тасалло ёб, ки ту дар ҷои шахси ранҷонанда нестӣ, зеро Худо ба касоне ки фарзандон Ӯро меранҷонанд, ҳусни таваҷҷӯҳ надорад. Шахсе ки дидаву дониста ба шахси дигар дард мерасонад, баракатҳои Худоро, ки барои ӯ тайёр карда шудаанд, ба даст намеоварад. Ҳангоме ки ту чунин шахсро мебахшӣ, аз хотираҳои вазнин раҳо мешавӣ ва ба баракатҳои Худо дар ҳаёти худ роҳ медиҳӣ.
Одамоне ҳастанд, ки тасодуфан, аз боиси бедиққатӣ ба ҳиссиёти дигарон ё аз боиси рамузфаҳм набуданашон ба мо дард мерасонанд. Аммо дар ин маврид дарду алам камтар намешавад. Агар туро тасодуфан ранҷонда бошанд, ту метавонӣ дар хусуси он дуо гӯӣ, ки шахсе ки ба ту дарду алам расондааст, нисбати дигарон бодиққат буданро ёд гирад.
Гоҳо ранҷиш чунон сахт мешавад, ки худи фикр дар бораи бахшидан ғайриимкон метобад. Аммо Худо барои бахшидан ёрӣ медиҳад. Ту бояд дуо гӯӣ ва аз Ӯ мадад хоҳиш намоӣ. Моҳиятан, ҳар боре ки шахси дигарро бахшидан душвор мешавад, ба Худо муроҷиат кардан даркор аст. Ба Худо дар бораи он чи рӯй дод, нақл кардан ва гуфтан даркор аст, ки чаро ту худро маҳз ҳамин тавр ҳис мекунӣ. Ба Ӯ гӯй, ки дар дил ранҷишро нигоҳ доштан намехоҳӣ, ва аз он озод шудан мехоҳӣ, то ки аз ояндаи олидараҷае ки Ӯ барои ту тайёр кардааст, шод шавӣ. Ҳангоми дуои ту Худованд дигаргун кардани дилатро сар мекунад.
Ҳамаи мо гоҳ-гоҳ чизеро аз даст медиҳем. Ва гоҳо ин ба мо дард мерасонад, хусусан агар он чиз бароямон арзиши муайян дошта бошад. То он дараҷае ки ман медонам, дуздон дучархаҳо ва ё дигар моликияти бисёр кӯдаконро медузданд. Ҳа, ин талафоти калон аст, зеро нархи дучарха зиёд аст ва навашро харидан на ҳамеша осон аст. Чунин мешавад, ки умуман чизи аз даст рафтаро бо дигарӣ иваз кардан имкон надорад. Боре ман ҳамёнамро бо ҳамаи пулҳое ки дар зодрӯзам гирифта будам, гум кардам. Аммо аз ҳама бадтар он буд, ки ҳамроҳи ҳамён ман суратҳоеро гум кардам, ки бароям хеле гаронбаҳо буданд ва онҳоро барқарор кардан номумкин буд. Ин талафот маро солҳо ғамгин мекард.
Агарчи аз даст додани ашёҳо ба мо бисёр ҳиссиёти нохуш мерасонад, мо дар дуо аз Худо хоҳиш карда метавонем, ки барои ёфтани чизи гумшуда ёрӣ расонад ё имкон диҳад, ки онро бо ягон чизи дигар иваз намоем. Дар ҷавоби чунин дуо Худо моро тасалло медиҳад ва барои паси сар кардани ин нохушӣ ёрӣ медиҳад.
Аз даст додани шахс назар ба аз даст додани ашё дардноктар аст, зеро ки арзиши инсон назар ба арзиши ҳар гуна ашё беандоза зиёд аст. Дар бораи аз даст додани одамон гап зада, ман дар назар надорам, ки шахсро дар ягон ҷой мондан ва баъд ҳеҷ гоҳ наёфтан мумкин аст, — сухан дар бораи он меравад, ки гоҳо одамон аз ҳаёти мо мераванд. Масалан, ба ҷои дур мераванд ё мемиранд. Дар ҳар ҳолат ҳангоми аз даст додани шахсони азиз дарду алами зиёд ҳис мекунем. Аммо дар ин маврид ҳам метавонӣ барои тасалло назди Худо биёӣ, ба Ӯ дар бораи ғами худ гап занӣ, ва Ӯ ҳиссиёти туро мефаҳмад ва дили туро бо муҳаббати худ ламс мекунад.
Худо мегӯяд, ки одамоне ки андӯҳгин ҳастанд ва мегирянд, тасаллои махсус меёбанд (ниг. Мат. 5:4). Ман дар таҷрибаи худ ба ин боварӣ ҳосил намудам. Ҳангоме ки дугонаи беҳтаринам вафот кард, дарду алами ман тоқатфарсо буд. Аммо ман аз дигарон хоҳиш кардам, то бароям дуо гӯянд ва ба зудӣ ҳис кардам, ки дилам ором шуда истодааст. Ин як чизи махсус мебошад, ва танҳо Худованд ба ин қодир аст. Бинобар ин аз марги шахси наздик ё ҷудоӣ аз ӯ натарс; зеро дар ин маврид Худо дар бари ту хоҳад буд ва туро чунон тасалло хоҳад дод, ки фақат Ӯ он гуна тасалло дода метавонад.
Ҳангоме ки дарди дилатро ба касе мегӯӣ, худро беҳтар ҳис мекунӣ. Бо модар, падар, бибӣ ё бобо, хола, амма, амак ва тағо, шубон ё ягон ходими дигари калисо гап зан. Дар ҳақиқат худро беҳтар ҳис хоҳӣ кард. Ва агар шахсе ки ту дарди дилатро мегӯӣ, ҳамроҳи ту дуо гуфта тавонад, боз ҳам беҳтар.
Ҳатман ба Худо дар бораи ҳиссиёти худ гап зан. Ӯ бе ин ҳам медонад, аммо мехоҳад инро аз ту шунавад. Ӯ мефаҳмад, ки баён намудани дарди дил то чӣ андоза бароят муҳим аст.
Он чиро, ки туро ғамгин мекунад, номбар намо:
1.
2.
3.
4.
Оё ҳозир аз ягон чиз ғамгин ҳастӣ? Агар чунин бошад, дар ин бора худи ҳозир дар поёнтар ба Худо дуо навис. Агар ҳозир барои ғамгинӣ сабабе набошад, дуоеро навис, ки дар он ба Худо дар бораи ҳиссиёти худ нақл мекунӣ, ва аз Ӯ хоҳиш кун, ки туро аз ҳама гуна ғамҳо ва талафот дар оянда эмин нигоҳ дорад.
Сабабҳои ғамгиншавӣ ҳар қадар зиёд бошанд ҳам, ҳамеша чизе ҳаст, ки метавонад моро хурсанд карда, ба шукргузорӣ водор намояд. Дар давраи андӯҳи дил ба худ ёдрас намудани он чи моро хушбахт менамояд, хуб аст. Рӯйхати иборат аз даҳ чизро навис, ки туро хурсанд мекунанд ва дилатро бо шукргузорӣ пур менамоянд, ва баъд, дар лаҳзаҳои дарду алам, онҳо гаштаву баргашта хон.
1.
2.
3.
4.
5.
6.
7.
8.
9.
10.
Шояд ту ақаллан як шахси калонсолро медонӣ, ки ҷудошавиро аз сар гузорондааст. Шояд ин шахс падар ё модари туст. Ҷудошавӣ озмоиши сахт аст, хусусан барои кӯдакон. Ҷудошавии оила дилҳои аҳли оиларо сахт захмдор мекунад. Гоҳо фарзандон дар ҷудошавии падару модар худро айбдор ҳис мекунанд, гӯё онҳо бо ягон восита ба ҷудошавӣ роҳ надода метавониста бошанд. Ва гоҳо онҳо гумон мекунанд, ки агар онҳо фарзандони бештар итоаткор мебуданд, яке аз волидон оиларо тарк намекард. Аммо гап дар он аст, ки кӯдак сабабгори вайроншавии оила шуда наметавонад. Ҳеҷ гоҳ. Ин ҳамеша ва пурра масъалаи калонсолон аст. Агар дили ту пур аз дарди он бошад, ки шахси бароят наздик аз ин ҷудошавӣ гузаштааст, акнун шумоён чун пештара бо ҳамдигар буда наметавонед, дон, ки Худо мехоҳад дили туро шифо диҳад. Ба Ӯ дар бораи ҳиссиёти худ гап зан, ва Ӯ ба муҳабат ба ту даст мерасонад ва захмҳои дили туро шифо медиҳад.
Шояд падару модари ту ҷудо нашудаанд, аммо ту метарсӣ, ки ин рӯй медиҳад? Агар чунин тарс дошта бошӣ, ба Худо муроҷиат намуда, хоҳиш кун, ки туро тасалло диҳад. Ба модар ва падарат дар хусуси ҳиссиёти худ гӯй ва аз онҳо хоҳиш намо, ки ҳамроҳи ту дар хусуси раҳоӣ аз ин тарс дуо гӯянд.
Агар бо вуҷуди дуоҳои ту, падару модарат ҷудо шаванд, худро дар ин гуноҳкор накун ва Худоро айдор накун, ки ба дуоҳои ту ҷавоб нагуфт. Дуоҳои мо қарори ягон касро дигар карда наметавонанд. Ҳатто Худо зидди иродаи инсон амал намекунад. Агар инсон қарор диҳад, ки маҳз ҳамин гуна ва на ба таври дигар амал намояд, ту барои халал расондан ҳеҷ кор карда наметавонӣ.
Ман дугонаи наздик доштам, ки падару модараш ҷудо шуда буданд. Ба ӯ лозим омад, ки бо модараш кӯчида равад, ва ман ӯро дигар ҳеҷ гоҳ надидам. Ҷудошавии падару модар дар ҳаёти шахс ҳама чизро дигар мекунад. Он дарди сахт мерасонад. Аммо Худо рӯҳу ҷони аз ҷудошавии падару модар захмдоршударо шифо дода метавонад.
Кӯдак ба рафтори калонсолон таъсир расонда наметавонад. Шояд модар ва падари ту бисёр ҷанҷол мекунанд; шояд дар оилаи ту бо пардохи пули хизматрасониҳо душвориҳо бошанд, ё яке аз волидон маҷбур аст дар ҷои кор вақти бисёреро гузаронад, ё шояд яке аз аъзоёни оилаат бемории вазнин дорад. Ҳангоме ки чунин мушкилиҳо ба миён меоянд, ҳаёти оила хеле вазнин мешавад. Фақат донистан лозим аст, ки ба ҳар як оила дар давраи муайян бо вазъиятҳои муайян мубориза бурдан лозим меояд. Дар ҳаёти ҳар як оила ҳам давраҳои хуб, ҳам давраҳои бад мешаванд. Аммо дуои ту бисёр чизҳоро дигаргун карда метавонад.
Новобаста ба он ки аз чӣ ғамгин ҳастӣ, бидон, ки Худо бо туст. Ӯ мебинад, ки чӣ рӯй дода истодааст. Ба Ӯ наздиктар бош ва дилатро ба Ӯ кушо. Аз Ӯ хоҳиш кун, ки вазъиятро тағйир диҳад, ва Ӯ ёрӣ медиҳад, ки замонҳои душворро паси сар кунӣ. Ба зудӣ ту худро боз хушбахт ҳис мекунӣ.
Дар зиндагӣ бисёр чизҳо ба мо дард расонида метавонанд. Бисёр масъалаҳои ҳалталаб ҳастанд, ки бо онҳо рӯ ба рӯ шудан лозим меояд. Аммо Худо мехоҳад, ки ту ба Ӯ дар бораи ҳамаи мушкилиҳо ва андӯҳҳоят гап занӣ, ва Ӯ аз ӯҳдаи онҳо баромаданро ба ту ёд медиҳад. Фақат бидон, ки ҳангоме ки ту дар назди Худо ҳастӣ, дар ҳаёти ту барои ноумедӣ ҷой нест. Вазъиятҳои ҳаёти ту ҳар қадар даҳшатовар тобанд ҳам, онҳо дигаргун мешаванд. Худо ҳатман дар ҳаққи ту ғамхорӣ мекунад ва ҳеҷ гоҳ туро тарк намекунад ва намепартояд. Дар давраҳои мушкилот Ӯ ҳамеша дар барат хоҳад буд.
Хушо шумо, ки ҳоло гирён ҳастед, зеро ки хандон хоҳед шуд.
БОБИ 4
МАН АЗ ХУДО ХОҲИШ МЕКУНАМ, КИ ҲАНГОМЕ ДУО ГУФТАНАМ ДУШВОР АСТ, БА МАН ЁРӢ ДИҲАД
Оё ягон вақт чунин мешавад, ки дуо гуфтанат душвор аст? Агар чунин бошад, ғамгин нашав. На танҳо ту бо чунин душвориҳо рӯ ба рӯ мешавӣ. Ҳамаи одамон, новобаста ба синну сол, дар ин ё он вақт ба ҳолате дучор мешаванд, ки дуо гуфтанашон душвор аст. Ҳатто калонсолон. Аммо мо метавонем аз Худо хоҳиш намоем, ки дар дуо гуфтан ба мо ёрӣ диҳад, ва Ӯ ин корро мекунад.
Як духтараки хурдсол аз он ғамгин буд, ки бародари калонияш ба иёлати дигар кӯчиданӣ буд, зеро дар он ҷо кори нав ёфт. Вай дар бораи он дуо гуфтан мехост, ки бародараш наравад, зеро медонист, ки ӯро хеле пазмон мешавад. Дар айни замон духтарак намехост, ки бародараш кори навашро аз даст диҳад. Он гоҳ вай аз Худо хоҳиш кард, ки ба вай ёрӣ диҳад. Ва Худо ба духтарак нишон дод, ки вай бояд дар хусуси он дуо мегуфт, ки дар ҳаёти бародараш хости Ӯ ба амал ояд. Духтарак ба дуо гуфтан сар кард, ва ба Худо гуфт, ки агар Худо рафтани бародарашро хоҳад, бигузор чунин шавад, ва аз Худо хоҳиш кард, ки вайро тасалло диҳад. Худо ба дуоҳои вай ҷавоб дод, ва бародари духтарак ба иёлати дигар кӯчид, аммо духтарак осудагӣ ба даст овард ва ҷудоиро хеле осонтар аз он ки тасаввур мекард, аз сар гузаронд. Худо духтаракро дастгирӣ намуд, то ки ӯ бисёр ғамгин нашавад.
Азбаски Худо медонист, ки дуо гуфтанамон душвор мешавад, Ӯ ваъда дод, ки ба мо Рӯҳулқудсро медиҳад. Ҳозир Рӯҳулқудс дар ту сокин аст ва ба ту ёрӣ мерасонад. Рӯҳулқудс эҳтиёҷоти туро
Шояд ту гумон мекунӣ: «Агар Худо бе ин ҳам эҳтиёҷоти маро донад, чаро ман бояд ду гӯям?» Гап дар он аст, ки Худо мехоҳад, ки ту
Худо ҳеҷ гоҳ чунин намегӯяд: «Ана! Ман чӣ кардам! Чӣ тавр ман ба ин роҳ додам! Акнун ман чӣ кор кунам?» Ӯ ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳад, ки дар ҳаёти ту он чи Ӯ намехоҳад, рӯй диҳад. Бинобар ин ту набояд дар ин хусус ташвиш кашӣ.
Ҳангоме ки ту дуо мегӯӣ, ба ёд овардани он ки Худо дар асл чӣ гуна аст, фоиданок мебошад. Агарчи ҳеҷ кас ҳеҷ гоҳ Худоро надидааст, ту Ӯро ба худ тасаввур карда метавонӣ. Дар бораи Ӯ ҳар қадар бештар донӣ, ҳангоми дуо ҳамон қадар ба Ӯ боварӣ карданат осонтар мешавад.
Масалан, агар ту Худоро дур ва хунук тасаввур намоӣ, дуо гуфтанат
Агар ба ту чунин метобад, ки Худо доимо аз ту норозӣ аст, дуо гуфтанат
Агар Худо ба Ту суст ва барои ёрӣ додан нотавон тобад, дуо гуфтанат
Агар ту чунин ҳисобӣ, ки Худо хеле банд аст, то ки туро шунавад, дуо гуфтанат
Агар ту Худоро ҳамеша хашмгин ва сахтгир тасаввур кунӣ, дуо гуфтанат
Агар Худо ба ту суст ва нотавон тобад, дуо гуфтанат
Худоро ҳар қадар амиқтар шиносӣ, дуо гуфтанат ҳамон қадар осонтар мешавад. Дар ин хусус шубҳа накун ва Китоби Муқаддасро хон, то ки боз ҳам бештар донӣ. Ҳангоме ки дуо гуфтанат душвор аст, дар ин бора ба Худо гӯй, ба Ӯ дар бораи душвориҳои худ нақл кун. Ӯ ҳиссиёти туро мефаҳмад, ва Рӯҳулқудси Ӯ ба ту дар дуо гуфтан ёрӣ мерасонад.
Биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд; биҷӯед, хоҳед ёфт; дарро бикӯбед, он ба рӯятон кушода хоҳад шуд…
БОБИ 5
МАН ДАР ҲАҚҚИ ДӮСТОНАМ, НАЗДИКОНАМ ВА ДИГАР ШАХСОН БА ХУДО ДУО МЕГӮЯМ
Дӯстон дар ҳаёти инсон нақши муҳим мебозанд. Шояд ҳатто яке аз муҳимтарин нақшҳоро. Дӯстон ба тарзи фикрронӣ ва қарорҳои ту таъсир мерасонанд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Росткор дар интихоби дӯстон эҳтиёткор аст, зеро роҳи бадкирдорон ӯро ба бероҳа равона мекунад»[2] (Мас. 12:26). Охир, ту намехоҳӣ, ки туро аз роҳи дуруст ба бероҳа равона кунанд?
Ту дӯстонро чӣ гуна интихоб мекунӣ? Охир, ту наметавонӣ назди ягон кас рафта, гӯӣ, ки ӯ
Бинобар ин барои дӯстон дуо гуфтан ин қадар муҳим аст. Пеш аз ҳама дар хусуси он дуо гӯй, ки дӯстонат хуб, худотарс бошанд. Чунин касон Худовандро дӯст медоранд ва қонунҳои Ӯро эҳтиром менамоянд, аммо касоне ки аз Худо дур ҳастанд, на Ӯро эҳтиром мекунанд, на фармудаҳои Ӯро.
Аз Худо хоҳиш кун, ки муносибатҳои туро бо дӯстон баракат диҳад. Аз Ӯ хоҳиш кун ба ту нишон диҳад, ки кадоме аз дӯстонат ба ту таъсири бад мерасонад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Оё ду кас якҷоя роҳ мераванд, бе он ки маслиҳатро ба як ҷо монда бошанд?» (Ом. 3:3). Ин маънои онро дорад, ки ту ва дӯстат бояд дар бораи он ки чӣ чиз хуб ва чӣ чиз бад аст, фикри якхела дошта бошед. Агар ту фақат аз он сабаб ягон кори бад кунӣ, ки дӯстат чунин мекунад, ё агар боварӣ надошта бошӣ, ки кори мекардаат бад аст, аммо ба ту чунин
Ғайр аз ин, ту ва дӯстат бояд дар масъалаи он ки
Агар ту дар маҳалли нав, дар байни одамони ношинос бошӣ, аз Худо хоҳиш кун, ки ба ҳаёти ту одамони имондорро оварад. Худо инро на камтар аз ту мехоҳад.
Гоҳо аз шарикии шахсони номарғуб дур шудан душвор мешавад. Агар чунин шахс дар ҳаёти ту бошад, аз Худо хоҳиш намо, ки ин шахсро дигаргун намояд, ё ӯро аз ту дур кунад. Агар ту маҳз ҳамин тавр дуо гӯӣ, ба зудӣ дигаргуниҳо рӯй медиҳанд: ё муносибатҳои шумо худ аз худ канда мешаванд, ё рафиқат ба ҷои дигар мекӯчад, ё ту ба ҷои дигар мекӯчӣ, ё ин шахс барои худ дигар дӯстонро меёбад. Ё шояд ту бо ин шахс ошкоро дар бораи дӯстиятон ва дар бораи ҳамаи он чи туро ба ташвиш меоварад, гап зада метавонӣ. Ба ҳар ҳол, дуои ту дар хусуси дӯстон бароят аҳамияти калон дорад.
Агар дӯстони хуб дошта бошӣ, барои онҳо Худоро шукр гӯй. Фаромӯш накун, ки онҳо барои ту то чӣ андоза муҳим ҳастанд. Барои ҳар яке аз дӯстони худ дуо гӯй. Аз Худо хоҳиш намо, ки дӯстии туро бо шахси муайян ҳифз намояд, то ки ҳеҷ гуна бадӣ муносибатҳои шумоёнро вайрон накунад.
Ҳама гуна муносибатҳои дӯстона ба озмоишҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Гоҳо дӯстон аз якдигар хашмгин мешаванд ё ҳатто якдигарро меранҷонанд. Аммо дӯстони ҳақиқӣ кӯшиш мекунанд, ки мушкилоти пайдошударо ҳал намоянд ва бахшидани якдигарро меомӯзанд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Дӯст ҳар вақт дӯст медорад…» (Мас. 17:17). Ин, албатта, маънои онро надорад, ки ту наметавонӣ бо дӯстат баҳс кунӣ. Ҳатто агар ақидаҳои ту ва дӯстат аз ҳам фарқ дошта бошанд ҳам, ту дӯст доштани ӯро давом дода метавонӣ.
Гоҳо чунин мешавад, ки дӯсти бад инсони бад нест. Ин фақат маънои онро дорад, ки ту ва ӯ ба ҳам мувофиқат надоред. Дугонаи ман Аманда дугонае дошт, ки доимо ӯро танқид мекард, ва дар натиҷа Аманда аз худ ва аз ҳаёти худ норозӣ буд. Пас аз муошират бо ин дугонааш ҳамеша табъи Аманда хира мешуд. Дугонааш духтараки хеле хуб буд ва шояд гумон мекард, ки танқид ба Аманда ёрӣ медиҳад, агарчи дар асл баръакс буд, зеро духтари ман аз ин танқидҳо зиқ ва рӯҳафтода мешуд.
Ман ва Аманда дар хусуси он дуо мегуфтем, ки агар ин дӯстӣ ба ҳар ду духтар фоида намеоварда бошад, Худованд ба ҳар яки онҳо барои ёфтани дугонаи нав ёрӣ расонад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Баъди чанде духтарам дар ҷамъияти дугонаи нав худро хеле хушбахттар ҳис кард. Агар муошират бо дӯстат ба худбаҳодии ту таъсири манфӣ расонда, туро дар назари худат паст мезада бошад, аз Худо хоҳиш кун, ки ба ҳаёти ту шахси навро биёрад, ки дӯсти ту мешавад. Дӯстон бояд якдигарро дастгирӣ намоянд ва ҳеҷ гоҳ таҳқир накунанд.
Агар падару модар дар хусуси дӯстии ту бо ягон писарак ё духтарак дар ташвиш бошанд, ба нуқтаи назари онҳо гӯш деҳ. Худо ба падару модар атои махсусе медиҳад, ки моҳияти воқеаҳоро дида тавонанд, то ки туро аз натиҷаҳои манфӣ ҳимоя кунанд. Бинобар ин ба суханони падару модар бо диққат гӯш деҳ. Агар нуқтаи назари ту аз нуқтаи назари онҳо дар хусуси дӯстат фарқ дошта бошад, дар бораи он дуо гӯй, ки ту ва падару модарат манзараи ҳақиқии воқеаҳоро бинед ва оид ба ин масъала ба ҳамфикрӣ оед. Худо ба ту нишон медиҳад, ки ҳақ ба ҷониби кӣ буд, ва кӣ хато мекард. Эҳтиром намудани дурустии фикри падару модарро омӯз. Шояд, ту ҳанӯз то охир намефаҳмӣ, ки дӯстони бад ба ту чӣ гуна зарар расонда метавонанд.
Яке аз фармудаҳои Худо амр мекунад, ки падар ва модарро иззату ҳурмат намоем (ниг. Хур. 20:12). Ин фармудаи аввалин буда, пас аз он чунин ваъда дода шудааст: агар ту падару модари худро эҳтиром намоӣ, ҳама корҳои ту хуб мешаванд ва ту умри дароз мебинӣ.
Ту метавонӣ ба суханони падару модар гӯш дода, онҳоро эҳтиром намоӣ. Ту чунин гуфта наметавонӣ: «Ман парво надорам, ки падару модарам чӣ мехоҳанд. Ман мувофиқи хости
Воситаи дигари ба падару модар эҳтиром зоҳир намудан — дар ҳаққи онҳо дуо гуфтан аст. Аз Худо хоҳиш намо, ки онҳоро баракат диҳад ва ҳимоя кунад. Аз Ӯ хоҳиш намо, ки саломатии онҳоро нигоҳ дорад ва дар корҳояшон ёрӣ расонад. Дар хусуси он дуо гӯй, ки муносибатҳои ту бо падару модар ҳамеша хуб бошанд, ва аз Худо хоҳиш намо ба оилаи ту ёрӣ диҳад, ки оилаи дуогӯй бошад. Дар хусуси он дуо гӯй, ки падару модари ту
Дар ҳаққи дигар аъзоёни оила низ дуо гуфтанро фаромӯш накун, ҳатто агар ҳозир на он қадар фаҳмӣ, ки ҳар кадоми онҳо то чӣ андоза муҳим аст. Хусусан бародарон ва хоҳарон дар ҳаёти ту нақши муҳим мебозанд. Аз бародар ва хоҳар наздиктар касе нест, ва бо мурури замон мо онҳоро бештар қадр мекунем. Аз ҳамин сабаб имрӯз барои онҳо дуо гӯй. Аз Худо хоҳиш намо, ки онҳоро ҳимоя кунад, то ки ҳар гуна бало аз онҳо дур шавад. Дар хусуси он дуо гӯй, ки байни шумоён муносибатҳои хуб бошанд. Аз Худо хоҳиш намо ба ҳар яки шумо ёрӣ диҳад, ки фурӯтанӣ ва аз манфиатҳои худ афзал донистани манфиатҳои шахси дигарро омӯзед.
Худо мегӯяд, ки ҳамаи онҳое ки ба дигарон сулҳу осоиш меоваранд, баракат меёбанд (ниг. Мат. 5:9). Оё медонӣ, ки дар оилаат оварандаи сулҳу осоиш шуда метавонӣ? Аз дуо дар ҳаққи ҳар як узви оила сар карда, аз Худо хоҳиш намудан даркор аст, ки дили ҳар яки онҳоро бо сулҳу осоиш пур кунад. Дар бораи он дуо гӯй, ки байни шумоён муносибатҳои нек бошанд, то ки ҳама байни якдигар сулҳу осоиш дошта бошанд. Аз Худо хоҳиш намо ба ҳар яки шумоён ёд диҳад, ки ба дигарон фақат суханони нек гӯед, ва ба ҷои танқид намудан якдигарро дастгирӣ намоед.
Агар падарандар ё модарандар, бародар ё хоҳари ӯгай дошта бошӣ, дар ҳаққи онҳо дуо гуфтанро фаромӯш накун. Ба шарофати дуоҳои худ барои ҳамаи хешовандон ту метавонӣ дар оилаатон осоишгари олиҷаноб шавӣ.
Оё ту ягон вақт касонеро вохӯрдаӣ, ки аҳволашон бад аст, ба фалокат дучор шудаанд, ё худро танҳо ва гумроҳшуда ҳис мекунанд, ё бемор ҳастанд? Шояд ту чунин одамонро мешиносӣ, ки ягон кори бад карда метавонанд, ки аз он худашон зарар мебинанд ва ба дигарон сахт зарар расонда метавонанд? Оё чунин мешавад, ки ба касе ёрӣ додан мехоҳӣ, аммо намедонӣ чӣ тавр? Як воситаи ёрӣ додан ба атрофиён ҳаст, ки ҳамеша самарабахш аст ва ҳамеша ба одамон баракат меоварад. Ман дар бораи дуо мегӯям. Дуо дар ҳаққи наздикон — беҳтарин корест, ки дар ҳаққи онҳо карда метавонӣ. Ва агар ҷуръат намоӣ, аз шахси ба ёрӣ эҳтиёҷманд пурсида метавонӣ, ки оё мехоҳад, ки ту барои ӯ дуо гӯӣ. Ту ба ӯ ёрӣ медиҳӣ, ки худро дӯстдошта ҳис кунад, зеро ба шарофати дуои ту ӯ муҳаббати Худоро ҳис мекунад.
Муаллимонат дар ҳаёти ту нақши муҳим мебозанд, ва аз ҳамин сабаб барои онҳо дуо гуфтан зарур аст. Бисёр чизҳо дар ҳаёти ту ба он чи онҳо ба ту таълим медиҳанд, вобаста хоҳад буд. Аз Худо хоҳиш кун, ки ба ту муаллимони хубро диҳад, ва ба онҳо ёрӣ диҳад, ки чизҳои бароят даркориро таълим диҳанд. Дар хусуси он дуо гӯй, то Худо ба ту ёрӣ диҳад, ки бо ҳар яки муаллимонат муносибатҳои хуб бунёд намоӣ. Ин маънои онро надорад, ки ту бояд барои ягон нафари онҳо шогирди «дӯстдошта» шавӣ, — ин маънои онро дорад, ки ту аз Худо хоҳиш менамоӣ чунин кунад, ки ту барои муаллимонат баракат шавӣ.
Оё медонӣ, ки дуои ту ба ҳаёти шахсе таъсир расонда метавонад, ки аз ту хеле дур аст, масалан, дар дигар гӯшаи олам зиндагӣ мекунад? Ва барои ин ба ту ҳатто лозим намеояд, ки аз ҳуҷраат берун бароӣ. Дуоҳоят на танҳо ба ҳаёти ту таъсир мерасонанд — онҳо ба ҳаёти касоне ки ту дар ҳаққи онҳо дуо мегӯӣ, таъсир мерасонанд. Ҳатто ба ҳаёти касоне ки ту бо онҳо ҳеҷ гоҳ вонахӯрдаӣ. Ҳангоме ки ту дар ҳаққи дигарон дуо мегӯӣ, ту аз Худо хоҳиш мекунӣ, ки ба онҳо аҳамият диҳад ва ба вазъиятҳои ҳаётии онҳо фаъолона таъсир расонад. Ту метавонӣ дар ҳаққи одамони кишвари дигар, шаҳри дигар ё дар ҳаққи касе дуо гӯӣ, ки дар бораи ӯ аз барномаи ахбор шунидаӣ ва касе ки (чунон ки ту фикр мекунӣ) ба дуои ту эҳтиёҷдорад, ва он гоҳ дар ҳаёти ин одамон дигаргуниҳо рӯй додан мегиранд.
Худо мехоҳад, ки мо барои дигарон дуо гӯем. Чунин дуо дуои
Оё ягон бор сабзидани тухмии ба замин кошташударо дидаӣ? Аз он растании калон ва боқувват, ё баръакс, хурд ва беқувват сабзида метавонад. Тухмӣ ба меваи хӯрданӣ, ё ба гули зебо табдил ёфта метавонад, ё ба дарахти азиме ки дар рӯзи гарми тобистон соя медиҳад ё дар зимистон гарм мекунад. Дуо монанди тухмӣ аст, ки мо ба дили Худо мекорем. Худованд дар ҳаққи он ғамхорӣ мекунад, ва аз он растание месабзад, ки самар меоварад — хурд ё калон, зебо ё назарногир. Он чиз пайдо мешавад, ки ҳам моро баракат медиҳад, ҳам дигаронро. Ин то чӣ андозa хуб аст — ҳангоми дуо тухмӣ коштан ва мушоҳида намудани он ки Худо чиро аз он месабзонад.
Ман ду духтаракро мешинохтам, ду хоҳаре ки бо ҳам на он қадар муносибатҳои хуб доштанд. Онҳо бисёр вақт ҷанҷол мекарданд ва боре умуман бо ҳам ногап шуданд. Ман дар хусуси он дуо кардан гирифтам, ки душмании байни онҳо ба охир расад ва онҳо боз бо ҳам муносибатҳои хуб дошта бошанд. Ҳар рӯз ман бо дуои худ аз ҷониби Худо тухмӣ мекоштам. Ман мегуфтам: «Худовандо, илтимос, бигузор ин ду хоҳар сулҳу осоиш дошта бошанд, ва фикрҳо ва ҳиссиёте ки ба якдигар доранд, рӯ ба беҳбудӣ оварад». Ва инак хоҳарон аз душманӣ чунон хаста шуданд, ки қарор доданд аз ҳамдигар бахшиш пурсанд, ба баъд аз ин бо ҳам муносибати дӯстона барпо намуданд. Ҳамин тавр дуоҳои ман тухмиҳое шуданд, ки Худо аз онҳо як чизи хеле муҳимро сабзонид.
Дуои кӯдакон ба саршавии дигаргуниҳои калон таконе дода метавонанд, хусусан ҳангоме ки кӯдакон барои дӯстони худ, наздикон ва ҳамаи атрофиён дуо мегӯянд. Аз Худо хоҳиш кун, ки муносибатҳои туро бо дигарон инкишоф диҳад ва барои дар дилҳои онҳо коштани тухмиҳои осоиш ва муҳаббат ба ту ёрӣ расонад.
Борҳои якдигарро бардоред, ва ба ҳамин тариқ шариати Масеҳро ба ҷо меоваред.
БОБИ 6
МАН АЗ ХУДО ХОҲИШ МЕКУНАМ БА МАН ЁРӢ ДИҲАД, КИ ДУРУСТ РАФТОР НАМОЯМ
Оё гоҳо ба ту чунин наметобад, ки ҳамеша дуруст рафтор намудан ғайриимкон аст. Ба ман гоҳо чунин метобад. Дар асл танҳо ба як шарт ҳамеша дуруст рафтор намудан мумкин аст — агар ба ту
Ба рӯйхате ки дар саҳифаи дигар ҷойгир шудааст, аҳамият деҳ. Дар он рафторҳои баде ки кӯдакон беш аз ҳама мекунанд, номбар шудаанд. Оё ту низ ҳамин гуна мушкилот дорӣ? Агар ба ин рӯйхат боз якчанд пункт илова карда тавонӣ, дар ду сатри охир сабт намо. Ва дар айни ҳол хиҷолат накаш. Ҳамеша дуруст рафтор намудан барои бисёр касон душвор аст.
Бисёрии кӯдакон медонанд, ки чӣ гуна бояд рафтор намоянд, аммо на ҳамеша қоидаҳоро риоя карда метавонанд. Аммо он чиз касро рӯҳбаланд менамояд, ки Худо ба ёрӣ меояд. Масалан, ту аз Худо хоҳиш карда метавонӣ, ки ба падару модар итоаткор буданро ба ту ёд диҳад. Аз ӯ хоҳиш намо, ки ба ту ӯҳдадориҳоятро ёдрас кунад: ба тартиб овардани ҷойи хоб, бурда партофтани ифлосиҳо, шустани зарфҳо, дар вақташ хомӯш кардани телевизор, ба охир расондани иҷрои вазифаи хонагӣ ва ғайра. Аз Худо хоҳиш намо, ки ба муаллимон итоаткор будан, қоидаҳо ва қонунҳоро риоя намудан ва ба Ӯ фармонбардор буданро ёд диҳад. Агар танҳо ба қувваи худ умед бандем ва аз Худо мадад хостанро бас карда, гумон кунем, ки чӣ кор карданро худамон медонем, мо ба нохушиҳои зиёд рӯ ба рӯ шуда метавонем.
Aз ҳама муҳим он аст, ки қоидаҳои муқарракардаи Худо ба фоидаи
Оё медонӣ, ки Худо барои фарзандони итоаткори Худ баракатҳоро тайёр кардааст? Ин дар ҳақиқат ҳамин тавр аст. Аммо касе ки хости Ӯро ба ҷо намеоварад, аз ин мукофот маҳрум мешавад. Дар саҳифаҳои минбаъда ту дар хусуси он мукофотҳое хонда метавонӣ, ки Худо барои фарзандони итоаткори Худ тайёр кардааст. Кадоме аз баракатҳои Худо ба ту муҳимтар метобанд?
1.
2.
3.
4.
5.
6.
7.
Худо ба модар ва падари Ту монанд аст, зеро Ӯ Падари Осмонии Туст. Ӯ дар ҳаққи Ту на камтар аз падару модари дӯстдорат, балки ҳатто бештар аз онҳо ғамхорӣ мекунад. Зеро падару модарат ҳамеша, новобаста ба рафтори хуб ё бади ту, падару модарат ҳастанд. Онҳо ҳамеша туро дӯст медоранд. Ҳангоме ки онҳо туро ҷазо медиҳанд ва интизомнокиро таълим медиҳанд, онҳо ин корро аз рӯи муҳаббат ба ту мекунанд.
Худо низ ҳамин тавр мекунад. Новобаста ба хатоҳое ки ту содир мекунӣ, Ӯ Падари Осмонии туст, ва қувваи муҳаббати Ӯ ба ту ба рафторат вобаста нест. Ту ҳамеша метавонӣ назди Ӯ омада, хатоҳои худро дар назди Ӯ эътироф намоӣ, ва Ӯ туро мебахшад.
Ҳангоме ки падару модарат дар наздат нестанд, ту ба ҳар ҳол муҳаббати онҳоро ҳис мекунӣ. Бо Худо низ ҳамин тавр аст. Агарчи Ӯро намебинӣ ва намешунавӣ, ту муҳаббати Ӯро ҳис карда метавонӣ. Аммо падару модари ту аз Худо аз он ҷиҳат фарқ доранд, ки онҳо одамон мебошанд, ва аз ҳамин сабаб онҳо нокомил буда, гоҳо хато мекунанд.
Хатоҳо содир намуда ва амалҳои ношоиста карда, мо бояд онро дар ёд нигоҳ дорем, ки дарҳол дар ин бора ба Худо иқрор шудан то чӣ андоза муҳим аст. Ӯ сабаби ба гуноҳ афтидани туро хеле хуб медонад ва туро дарҳол мебахшад. Дар назди Худо хатои худро эътироф намуда, ту онро дар назди шахси дигар низ ба осонӣ эътироф намуда метавонӣ, агар чунин талаботро эҳсос намоӣ. Барои он ки беҳад зиёд хатоҳо содир накунӣ, дар дуо ба Худо муроҷиат намуда, аз Ӯ хоҳиш кун, то он амалҳои бадро, ки аз онҳо бехабар ҳастӣ, ба ту нишон диҳад. Ба ӯ чунин гӯй: «Худовандо, ба ман ошкор намо, ки дар кадом корҳо хато мекунам ва чӣ амалҳои бадро ба ҷо меоварам. Ба ман он чизҳои бадро, ки худам намебинам, нишон деҳ». Худо ба ту нишон медиҳад. Беҳтар он аст, ки ин корро на каси дигар, балки Ӯ кунад.
Ба ҳар яки мо гоҳо лозим меояд бо коре машғул шавем, ки ба мо маъқул нест. Аммо агар
…Ҳар чӣ талаб кунем, аз Ў меёбем, чунки аҳкоми Ўро риоят мекунем ва он чи ба ҳузури Ў мақбул аст, ба амал меоварем.
БОБИ 7
МАН БА ХУДО ДАР ХУСУСИ ОН ЧИ МАРО БЕЗОБИТА МЕКУНАД, ДУО МЕГӮЯМ
Кӯдакон бисёр вақт хавотир мешаванд. Ба ман чунин метобад, ки кӯдакони ҳозира назар ва кӯдакони замонҳои пеш барои хавотир шудан сабабҳои бештар доранд, чунки дар замони мо онҳо дар телевизор, кино, маҷаллаҳо ва Интернет бисёр чизҳои тарсоварро мебинанд. Дар натиҷа онҳо аз он чи пештар боиси хавотиршавии калонсолон буд, ба ташвиш меафтанд. Дар поёнтар ту рӯйхати он чизҳоеро меёбӣ, ки беш аз ҳама боиси хавотиршавии кӯдакон мегарданд. Он чиро, ки беш аз ҳама туро хавотир мекунад, ишора кун ва дар ин бора дуо гӯй.
Мехоҳам, ки ту осуда, бе ин хавотиршавиҳо зиндагӣ кунӣ, зеро ту ҳанӯз хурдсол ҳастӣ ва пурра ҳақ дорӣ аз зиндагӣ шод бошӣ. Аммо ту, монанди дигар кӯдакон, барои хавотир шудан сабабҳо дорӣ. Бинобар ин ман мехоҳам ба дасти Худо супурдани ҳамаи он чиро, ки туро хавотир мекунад, ёд диҳам. Ба
Ман медонам, ки ту ҳанӯз хурдсол ҳастӣ, ва мушкилот ба назари ту бағоят калон метобанд, аз ҳамин сабаб дуо на он қадар таъсирбахш тофта метавонад. Аммо дар ёд нигоҳ дор, ки барои Худо ҳеҷ кори ғайриимкон нест. Бинобар ин дуои худро ба пагоҳ нагузор ва худи ҳозир дар хусуси он чи туро хавотир мекунад, дуо гуфтанро сар кун. Худо аз ӯҳдаи он мебарояд.
Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд: «Ҳеҷ хавотир нашавед[4], аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед» (Флп. 4:6). Ин маънои онро дорад, ки ту метавонӣ дар хусуси
Магар ба ту маъқул нест, ҳангоме ки ягон кас ваъдаеро, ки ба ту дода буд, иҷро мекунад? Ҳангоме ки шахс мегӯяд: «Ман ин корро барои ту мекунам» — ва мекунад? Ё ваъда диҳад, ки ба ту чизеро тӯҳфа мекунад, ва ба қавлаш вафо кунад? Магар ту чунин муносибатро ба худ қадр намекунӣ? Ва ҳангоме ки шахс ваъда медиҳад ва ба ваъдааш вафо намекунад, мо то чӣ андоза хафа мешавем! Аммо, охир, одамон комил нестанд. Онҳо суханони худро фаромӯш мекунанд. Гоҳо онҳо он чиро, ки ба ҷо оварда наметавонанд, ваъда медиҳанд.
Худо низ ба мо ваъда медиҳад. Аммо Ӯ комил аст ва ҳамеша ба ваъдаҳояш вафо мекунад. Дар Китоби Муқаддас ҳамаи ваъдаҳои Ӯ ҷамъ карда шудаанд. Бинобар ин ҳар боре ки мо онҳоро мехонем ё ба забон меоварем, имони мо мустаҳкамтар мешавад.
Худо ба мо ваъда додааст, ки агар мо, ба ҷои хавотир шудан аз боиси мушкилоти худ, дар хусуси онҳо дуо гӯем, Ӯ ба мо сулҳ ва осудагӣ медиҳад (ниг.: Флп. 4:6–7). Ту метавонӣ боварӣ дошта бошӣ, ки Ӯ ба ваъдааш вафо мекунад.
Ҳангоме ки аҳли оилаи мо ба маҳалли зисти нав ба иёлати дигар кӯчид, духтарам Аманда 12-сола буд. Дар мактаби нав ӯ бо мушкилоҳои бисёр рӯ ба рӯ шуд, чунки дар атроф ҳама чиз барои ӯ нав ва бегона буд: одамон дигар хел гап мезаданд, дигар хел либос мепӯшиданд ва тарзи рафторашон дигар ва барои ӯ ғайриодатӣ буд. Ин душвортарин сол дар зиндагии ӯ буд. Дар давоми ин сол ӯ гаштаву баргашта такрор кардани ин ояти Китоби Муқаддасро ёд гирифт: «Ҳамааш аз дастам меояд, бо мадади Масеҳ, ки маро қувват мебахшад» (Флп. 4:13). Каломи Худо ба мо ваъда медиҳад, ки ҳангоме мо ҳис мекунем, ки барои паси сар кардани мушкилоти дар сари роҳамон пайдошуда қувватамон камӣ мекунад, Худо ба мо қувват медиҳад.
Аманда то ҳол ин оятро ҳар дафъае ки ба ӯ барои ҳалли ягон масъалаи мураккаб қувват даркор мешавад, такрор мекунад. Ӯ онро «ояти асосӣ»-и ҳаёти худ меномад. Ин маънои онро дорад, ки ӯ ҳамеша, ҳар рӯзи ҳаёташ ин ваъдаи Худоро дар ёд дорад.
Ин оят ҳамчунин ба ту даркор шуда метавонад. Дар давраи мураккаби ҳаётат, ҳангоме ки ту парешонҳол шудаӣ ва чӣ кор карданатро намедонӣ, ин суханонро гаштаву баргашта ба забон овар. Онҳо ба ту қувват медиҳанд ва боварӣ мебахшанд. Ва барои он ки онҳоро фаромӯш накунӣ, дар ҷумлаи поёнӣ ҷойҳои холиро пур кун. Ва ҳар дафъае ки аз ӯҳдаи мушкилот баромаданат лозим мешавад, ин суханонро ба ёд овар:
Номи ман ___________________________
____________________________________
ва ҳама чиз аз дастам меояд ____________
____________________________________
____________________________________
Кӯдакон ба ҳайвоноти хонагии худ бисёр дил мебанданд, зеро ҳайвонот — чун дӯстони вафодор мебошанд, ки ҳамеша ба онҳо такя кардан мумкин аст.
Кӯдакон бисёр вақт дар хусуси тақдири ҳайвоноти дӯстдоштаашон хавотир мешаванд, зеро ҳайвонот одатан, бар хилофи одамон, умри дароз намебинанд. Аз ҳамин сабаб хоҳиши дар ҳаққи онҳо дуо гуфтани ту фаҳмост. Дуо на танҳо ҳайвоноти хонагиро ҳимоя мекунад, балки ҳамчунин ба ту ёрӣ медиҳад, ки дар ин хусус осуда шавӣ. Ту метавонӣ аз муошират бо ҳайвони хонагии худ ҳаловат барӣ ва доимо дар хусуси саломатӣ ва бехатарии ӯ хавотир нашавӣ.
Аммо дуо барои ҳайвоноти дӯстдоштаамон кафолат намедиҳад, ки бо онҳо ҳеҷ гоҳ ҳеҷ воқеа рӯй намедиҳад. Ҳайвонот аз одамон фарқ доранд ва ҳаёти онҳо, одатан, аз ҳаёти одамон кӯтоҳтар аст. Ҳангоме ки ту дар ҳаққи ҳайвони хонагии дӯстдоштаат дуо мегӯӣ, Худо дили туро ба он лаҳзае тайёр мекунад, ки бо ӯ хайрбод гуфтанат лозим меояд. Ӯ барои фаҳмидани он ёрӣ медиҳад, ки ҳаёти ҳайвонот низ дар дасти Ӯст, ва Ӯ дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ мекунад. Ва ҳангоме ки дӯстат туро тарк мекунад, аз сар гузарондани ин барои ту осонтар мешавад, зеро ки ту дуо гуфта будӣ. Худо ба ҳайвоноти хонагӣ дилбастагӣ доштан ва дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ кардани туро таҳсин мекунад ва мехоҳад, ки ту ба онҳо дуруст муносибат намоӣ ва барои онҳо доимо хавотир нашавӣ.
Азбаски ҳар яки мо гоҳ-гоҳ дар хусуси ягон чиз хавотир мешавад, Худо дар Каломи Худ ба мо ёдрас мекунад, ки набояд чунин кунем. Ба ҳар ҳол сабабгори ташвиш кашидани ту чист?
Дар зер он чиро навис, ки дар дили ту хавотиршавиро бедор мекунад:
1.
2.
3.
4.
5.
6.
Акнун дуоеро навис, ва дар он аз Худо хоҳиш намо, ки ғамхориро дар ҳаққи ҳамаи ин чизҳо ба Худ гирад ва ба ту ёрӣ диҳад, ки аз ҳама гуна ташвишҳо озод шавӣ.
Ҳамин ки пай мебарӣ, ки хавотиршавӣ туро фаро мегирад, дарҳол дар хусуси он дуо гуфтанро сар кун, ки аз он озод шавӣ. Дар ёд нигоҳ дор –агар Худо дар назди ту бошад, ту ҳамаашро паси сар мекунӣ (ниг.: Луқ. 1:37). Ҳамин тариқ, мушкилоте ки туро хавотир мекунанд, ҳар қадар ҷиддӣ ва муҳим бошанд ҳам, Худо воситаи ҳал намудани онҳоро меёбад. Агар хавотиршавӣ туро тарк накунанд, аз модар ё падарат хоҳиш намо, ки барои ту дуо гӯянд. Ба калонсолон имкон деҳ, ки дар
Ҳеҷ ғам нахўред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед, ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт.
БОБИ 8
МАН БА ХУДО ДАР ХУСУСИ ОН МЕГӮЯМ, КИ ИНТИЗОРИИ ҶАВОБИ ДУОҲОЯМ ТО ЧӢ АНДОЗА БАРОЯМ ДУШВОР АСТ
Оё розӣ ҳастӣ, ки барои дуогӯй интизории ҷавоби дуоҳояш аз ҳама чиз душвортар аст. Ман чунин меҳисобам, ки чунин аст. Ба фикрам, ҳар яки мо ақаллан як бор дар ин хусус фикр кардааст.
Гоҳо Худо ба мо хеле зуд ҷавоб медиҳад, аммо аксаран Ӯ дар ҷавоб додан шитоб намекунад. Интизории дуру дароз дар мо ғамгинӣ, рӯҳафтодагӣ, хашм ё ранҷишро ба вуҷуд меоварад, то ба дараҷае ки мо мехоҳем ҳама чизро тарк карда, дигар дуо нагӯем. Аммо мо бояд дар ёд нигоҳ дорем, ки ҳақ надорем дуогӯиро бас кунем, чунки ба Худо таваккал мекунем ва боварӣ дорем, ки ҳар қадар интизор шавем ҳам, Ӯ ба мо ҷавоб медиҳад.
Якчанд маънидодҳо ҳастанд, ки чаро Худо ба дуоҳои мо дарҳол ҷавоб намедиҳад. Гоҳо Худо бо ин восита моро таълим медиҳад, ки ба Ӯ боварӣ намоем ва месанҷад, ки оё мо дар имон ба қадри кофӣ устувор ҳастем, то ки дар мавриди набудани ҷавоби дуо, ба Ӯ боварӣ намуданро давом диҳем.
Гоҳо мо ба дуоҳои худ тамоман на он ҷавобҳоеро мегирем, ки интизор будем. Ва он гоҳ мо фаҳмида наметавонем, ки Худо ба дуои мо
Ҳамин тариқ, ба мо чунин метобад, ки Худо ба дуоҳои мо ҷавоб доданӣ нест, аммо ҳақиқат он аст, ки ҷавоби онҳо
Гоҳо дар дуо мо хоҳиш мекунем, ки ин ё он воқеа рӯй диҳад, аммо барои ин воқеа хости Худо нест. Масалан, ту дар хусуси он дуо гуфтӣ, ки дӯстат ба шаҳри дигар накӯчад, аммо ӯ ба ҳар ҳол кӯчида рафт. Шояд, хости Худо ҳамин буд, чунки дӯсти туро маҳз дар ҷои нав баракатҳои зиёд интизор буданд. Ин маънои онро надорад, ки ту нодуруст дуо мегӯӣ: охир, ту аз самими дил дуо гуфтӣ, аммо хости ту бо хости Худо мувофиқат накард. Бо вуҷуди ин ту аз он қаноатманд шуда метавонӣ, ки дуо гуфтӣ, зеро дуо ҳамеша баракат меоварад, агарчи, шояд, натиҷа ба интизориҳои ту мувофиқ набуд.
Шояд, ту чунин муҳокимаронӣ мекунӣ: «
Дар интизории ҷавобҳо ба дуоҳои худ ман як кори хеле фоиданокро ёд гирифтам — пур кардани рӯзномаи дуоӣ. Дар ҳар як саҳифа, дар боло, ман дуоеро менавиштам, ва қисми поёнии саҳифаро холӣ мегузоштам, то ки баъд, ҳангоме ки ҷавоби дуоро мегирам, ба он ҷо ҷавобро нависам.
Гоҳо ман зуд ҷавоби дуоҳоямро мегирифтам, аммо гоҳо саҳифа якчанд моҳ ё як сол пур нашуда мемонд. Рӯзномаи худро аз назар гузаронда ва ба набудани ҷавоб боварӣ ҳосил намуда, ман боз дар хусуси ҳалли масъалаи муайян дуо гуфтанро давом медодам. Агар ба дуоям на он ҷавобе ояд, ки ман мехостам, ман маълумотро дар бораи ҷавобе ки Худо ба дуоям
Ҳангоме ки интизории ҷавобҳои дуоҳоям душвор аст, ман рӯзномаи дуоии худро кушода, он чиро мебинам, ки Худо аллакай барои ман кардааст. Ин ба ман хеле ёрӣ мерасонад, зеро ман ба ёд меоварам, ки Худо ба ман чӣ гуна ҷавоб медод. Ҷавобҳои Ӯ аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ӯ вафодор аст ва дуоҳои маро мешунавад. Хониши рӯзномаи дуоӣ ба устуворшавии имони ман мусоидат мекунад ва дар ман пурсабриро, ки барои интизории ҷавобҳои Худо даркор аст, ба вуҷуд меоварад. Гоҳо сатрҳои навиштаамро хонда, мебинам, ки Худо аллакай ба ягон дуои аниқи ман ҷавоб гуфтааст, аммо ман барои дарк намудани ин факт фурсат наёфтаам, зеро ҷавоби Ӯ тамоман на он гуна буд, ки ман интизорӣ мекашидам. Имрӯз бисёр саҳифаҳои рӯзномаи дуоии ман аллакай то охир пур карда шудаанд, чунки ба бисёр дуоҳои ман ҷавобҳо дода шудаанд. Саҳифаҳои дигар бошанд то нисф пур карда шудаанд, зеро ҷавобҳо ба баъзе дуоҳои ман ҳанӯз наомадаанд. Ман боварӣ дорам, ки ягон вақт дар рӯзномаи ман саҳифаҳои пурнашуда боқӣ намемонанд.
Кӯшиш кун ҳамин гуна рӯзномаи дуоӣ дошта бошӣ. Ин ба ту ёрӣ медиҳад, ки ҷавобҳои Худоро ба дуоҳои худ интизор шуданро ёд гирӣ.
Оё ягон вақт ба ту чунин тофтааст, ки Худо туро намешунавад? Ман борҳо чунин ҳиссиёт доштам. Аммо Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо ҳамеша мешунавад, агарчи на ҳамеша ба дуоҳои мо он гуна зуд ҷавоб медиҳад, ки мо мехостем. Агар ту ҳанӯз ба дуоҳои худ ҷавоб нагирифта бошӣ, барои хулоса баровардан шитоб накун, ки гӯё Ӯ туро намешунавад ва интизор шудан бефоида аст, — фақат Ӯ мехоҳад, ки имони ту нашъунамо кунад ва ту пурсабриро омӯзӣ.
Гоҳо Худо ба дуоҳои мо тамоман на он тавр ҷавоб медиҳад, ки мо гумон доштем, ва аз ҳамин сабаб мо ҷавобҳоеро, ки аллакай гирифтаем, намебинем. Худо аллакай ҷавоб дод, аммо мо ҳанӯз инро нафаҳмидаем. Гоҳо мо он қадар бисёр дуо мегӯем, ки тасаввуротро дар бораи вақти воқеӣ, ки барои ҷавоб додани Худо ба дуоҳои бисёри мо даркор аст, гум мекунем. Мо бояд ба Худо он қадар вақт диҳем, ки ба Ӯ даркор аст.
Чор сабабро номбар мекунем, ки аз рӯи онҳо дуоҳои мо гоҳо беҷавоб мемонанд, то фаҳмем, ки дар ин маврид чӣ кунем.
1.
Ҳар як шахс ба ягон чиз ё шахс бовар мекунад, аммо ба Худо бовар кардан дилпуронатар аст. Гоҳо Ӯ дар ҷавоб додан шитоб намекунад, то моро санҷида бинад, ки оё мо ҳақиқатан ба суханони Ӯ дар хусуси он, ки Ӯ моро мешунавад ва ҷавоб медиҳад, бовар мекунем. Ӯ боварии моро ба сухани Ӯ дидан мехоҳад, новобаста ба он ки ҷавоби Ӯро чӣ қадар интизор шудан лозим меояд.
Ту ҳамчунин бояд дар ёд нигоҳ дорӣ, ки ҳамроҳи Худо қувваи Ӯ низ меояд. Фақат бо қувваи Ӯ мо метавонем ҳама гуна монеаҳои сари роҳамонро бартараф намоем. Ману ту он қадар қувват надорем, ки рафти воқеаҳои ҳаётамонро мувофиқи хостамон
Худо Бобои барфин нест, ки хоҳишҳои дар варақ навиштаи туро ба ҷо оварад. Ба Худо чизе бештар аз рӯйхати хоҳишҳои ту лозим аст — ба Ӯ дили ту лозим аст. Ӯ на фақат мехоҳад, ки ту дархостҳои худро дар «ҷавобдиҳандаи автоматӣ»-и Ӯ гузорӣ, — ба Ӯ муносибатҳо бо Ту даркоранд. Ӯ бо ту мехоҳад муошират кунад ва шунавад, ки ту дар бораи рӯйдодҳои ҳаёти худ чӣ фикр дорӣ. Агарчи Ӯ ҳама чизро медонад ва ҳама чизро мебинад, Ӯ дар ин бора аз ту шунидан мехоҳад. Ва барои он ки ту ба Худо дар бораи ҳама чиз гуфта тавонӣ, ба ту имон даркор аст.
2.
3.
4.
Худо мехоҳад, ки ту бо Ӯ дар масъалаи он чи дилатро фаро гирифтааст, боинсоф бошӣ. Ӯ мехоҳад, ки ту ба Ӯ дар бораи он чи туро ғамгин мекунад, ба хашм меоварад ё хиҷил менамояд, гап занӣ. Агар интизории дуру дарози ҷавоби Ӯ туро рӯҳафтода кунад, инро аз Ӯ пинҳон накун. Дуо гуфтанро давом деҳ ва бовар кун, ки Худо медонад, ки барои ту чӣ чиз беҳтар аст. Охир ба ҳар ҳол Ӯ Худо аст.
Оё ту ягон вақт аз дуо гуфтан барои шахси дигар тарсидаӣ, зеро ба ту чунин фикр халал мерасонд: «
БОБИ 9
МАН АЗ ХУДО БАРОИ ҲАМАИ АТОҲОЯШ МИННАТДОР ҲАСТАМ
Оё ту тӯҳфа гирифтанро дӯст медорӣ? Магар дар рӯзи таваллуд ё ҳангоми иди Милод кушода дидани қуттичаи тӯҳфа хурсандиовар нест? Модар, падар, дӯстони наздик метавонанд бо тӯҳфаҳои хуб туро хурсанд кунанд, аммо тӯҳфаҳои беҳтарин, бо ҳеҷ чиз муқоисанашавандаро ту фақат аз Худо гирифта метавонӣ. Ӯ ҳар рӯз ба ту тӯҳфаҳо мефиристад.
Ҳамаи мо барои тӯҳфаҳое ки ба дигарон медиҳем, миннатдорӣ шуниданро дӯст медорем. Агар ту барои тӯҳфа миннатдорӣ баён накунӣ, шахс гумон мекунанд, ки ту тӯҳфаи ӯ ва ғамхории ӯро дар ҳаққи ту қадр намекунӣ. Ин метавонад ӯро аз ту дур кунад ва дар ӯ ҳама гуна хоҳиши дар оянда ба ту тӯҳфа доданро хомӯш намояд.
Худо ҳамин хел аст. Шунидани он ки ту Ӯро барои тӯҳфаҳояш шукргузорӣ мекунӣ, ба Ӯ маъқул аст. Набудани шукргузорӣ аз ҷониби ту Ӯро ғамгин мекунад, чунки нисбат ба Ӯ ва ҳамаи он чи Ӯ барои ту мекунад, бепарво будани туро нишон медиҳад. Худо мехоҳад, ки ту тӯҳфаҳои Ӯро қадр кунӣ, аммо боз бештар Ӯ мехоҳад, ки ту
Ҳар дафъае ки ту Худоро барои он чи Ӯ баҳри ту кардааст, шукргузорӣ мекунӣ, дили Худо шод мешавад. Бинобар ин ту бояд Худоро барои ин ҳарчи бештар шукргузорӣ намоӣ. Ту метавонӣ Ӯро ҳатто барои он чи дар оянда барои ту
Чунин ҳисси шукргузорӣ ба Худо ва ошкоро баён намудани ин ҳиссиёт
Оё ту медонӣ ки қиф чист? Ин предмети пластикӣ ё металлӣ аст, ки шаклаш ба лӯлаи яхмос монанд аст. Ту ба тарафи васеи он моеъро мерезӣ, ва он аз тарафи танги он мерезад. Оё чунин шудааст, ки яхмос дар дастат аз тарафи танги лӯлаи он ҷорӣ мешуд? Бо қиф низ ҳамин тавр мешавад.
Мо қифро дар он маврид истифода мебарем, ки чизеро аз зарфи калон ба зарфи хурд рехтан ва дар айни замон ягон қатраи онро дар берун нарехтан даркор аст. Ситоиши Худо дар ҳаёти мо айнан ҳамчун принсипи қиф кор мекунад. Ҳангоме ки мо Худоро ситоиш мекунем ва дастонамонро ба осмон мебардорем, чизе ба монанди қиф ҳосил мешавад. Худо, ки ин қадар бузург аст ва ин қадар бисёр ғунҷоиш дорад, ба воситаи ин қиф марҳаматҳоро бар мо, ки ин қадар хурд буда, танҳо як миқдори камро ғунҷоиш дода метавонем, мерезад.
Худоро на танҳо барои тӯҳфаҳое ки гирифтан мехоҳанд, балки барои тӯҳфаҳое ки аллакай Ӯ фиристодааст, шукргузорӣ мекунанд, ва Ӯро барои он ки Ӯ Худост ва барои корҳои бузурги Ӯ парастиш менамоянд. Аммо Худо чунон некӯ аст, ки аз он чи фақат
Гуфтан мумкин аст, ки ҳангоме ки мо Худоро ситоиш мекунем, Ӯ бар мо Худро — муҳаббати Худ, осоиши Худ, хурсандии Худ, баракатҳои Худ, ҳимояи Худ, қувваи Худ, озодии Худ, ҳақиқати Худро фурӯ мерезад. Ва Ӯ ба мо ҳамаи инро дар он ҳаҷме ки мо қабул карда метавонем, тӯҳфа мекунад.
Агар дуо муошират бо Худо бошад, ситоиш шакли олии ин муошират аст. Зеро ҳангоме ки мо Худоро ситоиш мекунем, диққатамон фақат ба Ӯ равона карда шудааст. Дар чунин лаҳзаҳо мо дар бораи худ ва хоҳишҳои худ фикр намекунем. Мо фақат дар бораи Худо ва он чи
Бинобар ин ҳангоме ҳис мекунӣ, ки дар ҳаёти ту «Худо камӣ мекунад» — муҳаббати Ӯ, осоиши Ӯ, ҳузури Ӯ ё қувваи Ӯ камӣ мекунад, — назди Ӯ рафта, Ӯро парастиш намо. Ба парастиши Ӯ ва ситоиши Ӯ барои ҳамаи он чи мебинӣ ва медонӣ, вақт ҷудо намо. Ва Ӯ ба ту он чиро медиҳад, ки ба он эҳтиёҷ дорӣ. Бояд на дар бораи он чи аз Худо гирифта метавонӣ, балки дар бораи он фикр кунӣ, ки Ӯро чӣ тавр бисёр дӯст медорӣ ва аз ҳамин сабаб Ӯро шукргузорӣ кардан мехоҳӣ.
Ҳангоме ки ту Худоро парастиш мекунӣ, Ӯ дили туро нарм мекунад. Ӯ беҳтар фаҳмидани муҳаббати Ӯро меомӯзонад. Ӯ ба ту ёрӣ медиҳад, ки барои қабули ҳамаи он чи Ӯ барои ту тайёр кардааст, кушода шавӣ. Ӯ фикрҳои туро равшан мекунад, Ӯ туро устувор менамояд. Ӯ имони туро афзун менамояд ва ба ту осоиш медиҳад. Ӯ туро бар вазъиятҳои мушкили ҳаётат боло мебардорад. Ӯ ба ту ҳақиқатро дар бораи он мекушояд, ки туро чӣ гуна шахс дидан мехоҳад.
Имрӯз ту Худоро барои чӣ шукргузорӣ кардан мехоҳӣ? Чизҳоеро, ки беш аз ҳама барои онҳо Ӯро шукргузорӣ кардан мехоҳӣ, номбар намо:
1.
2.
3.
4.
5.
6.
7.
8.
9.
10.
Ба ин рӯйхат ҳар дафъа, ки барои шукргузорӣ ба Худо сабаб пайдо мешавад, пунктҳои дигарро илова намо.
Дили шукргузор — ана он чи Худо дар ту дидан мехоҳад. Парастиш ва ситоиши Ӯ ба ту ёрӣ медиҳанд, ки дар имон нашъунамо кунӣ, муносибати туро ба ҳаёт ва бо одамони дигар беҳтар мекунанд. Ситоиши Худо ақидаҳо ва ҳаёти туро беҳад зуд дигаргун карда метавонанд. Ва ин дигаргуниҳо маҳз ҳамон вақт рӯй медиҳанд, ки ту Ӯро ситоиш мекунӣ.
Ҳангоме ки давраҳои нохушиҳо фаро мерасанд, Худоро ситоиш намудан ва Ӯро шукргузорӣ кардан ҳайратовар метобад, ҳамин тавр не? Аммо маҳз ҳамин корро кардан лозим аст. Дар давраҳои мушкилот Худоро шукргузорӣ намуда, мо бо ин амал ба Худо мегӯем: «
Агар ҳатто дар вазъиятҳои номусоидтарин чунин кунӣ, ҳеҷ чизе нест, ки Худо дар ҳаёти ту ба амал оварда натавонад.
Ман ба ту як пешниҳоди муҳим дорам. Он чиро, ки ман мегӯям, бикун, ва бубин, ки чӣ рӯй медиҳад. Ҳар дафъае ки ба нохушиҳо ё мушкилот дучор мешавӣ, чунин суханони шукргузорӣ ва ситоиши Худоро ба забон овар:
Ту ҳамчунин метавонӣ ба ин дуо дигар суханони ситоиш ва парастишро, ки ба ту маъқуланд, илова намоӣ. Ҳар рӯз бо ин дуо ситоиш намудани Худоро давом деҳ ва мушоҳида намо, ки Ӯ дар ту ва дар ҳаёти ту кадом дигаргуниҳоро ба амал меоварад, ҳатто агар ин дигаргуниҳо гӯё ба сӯи беҳбудӣ набошанд ҳам.
Чаро ҳама чиз он вақт дигаргун шудан мегирад, ки мо Худоро ситоиш менамоем? Аз он сабаб ки Худованд дар миёни ҳамду саноҳои халқи Худ сокин аст. Дар Китоби Муқаддас чунин гуфта шудааст (ниг. Заб. 21:4). Ин маънои онро дорад, ки мо маҳз ҳамон вақт дар ҳаётамон ҳузур доштани Ӯро беш аз ҳама ҳис мекунем, ки Ӯро парастиш менамоем. Бинобар ин ҳар дафъае ки ту суханони ситоиши номи Ӯро ба забон меоварӣ, ҳузури Ӯро аз ҳар вақти дигар аёнтар ҳис мекунӣ. Ва дар ҳузури Ӯ ҳама чиз дигаргун мешавад. Ҳамеша! Муносибати Ту ба воқеаҳои атроф дигаргун мешавад. Дили ту дигаргун мешавад. Ҳиссиёти ту дигаргун мешаванд. Вазъияти ҳаётии ту дигаргун мешавад. Ва ин дигаргуниҳо ҳамеша ба сӯи беҳбудӣ мебошанд. Ҳар боре ки ту Худоро ситоиш менамоӣ, ҳаёт дигаргун мешавад.
Падару модар барои ту бо майли том чизҳои зебо, хӯрдании болаззат мехаранд, дар хона шароити бароҳат фароҳам меоваранд ва ҳама корҳоро мекунанд, то ки ту ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ набошӣ. Онҳо мехоҳанд туро аз бадӣ ҳимоя кунанд ва ба ҳаёт дуруст муносибат намуданро ёд диҳанд. Ҳангоме ки ту бемор ҳастӣ, онҳо дар ҳаққи ту ғамхорӣ мекунанд, ва туро ба роҳи ҳақиқат равона менамоянд. Онҳо ҳамаи инро аз он сабаб мекунанд, ки туро дӯст медоранд. Аммо агар ту ба онҳо
Худо низ ба ту ҳамин гуна муносибат мекунад. Ӯ мехоҳад, ки ту гоҳ-гоҳ фақат аз он сабаб назди Ӯ биёӣ, ки Ӯро дӯст медорӣ ва мехоҳӣ бо Ӯ бошӣ. Ӯ мехоҳад, ки ту ба Ӯ дар бораи он
Барои ҳама чиз шукр гўед, зеро ки чунин аст иродаи Худо дар ҳаққи шумо дар Исои Масеҳ.
БОБИ 10
МАН БО ХУДО ДАР ХУСУСИ ОЯНДААМ ВА ДАР ХУСУСИ МАҚСАДИ ҲАЁТАМ ГУФТУГӮ МЕКУНАМ
Оё медонӣ, ки Худо барои ҳаёти ту нақшае дорад? Оё медонӣ, ки Ӯ туро барои расидан ба мақсади муайян офаридааст? Оё медонӣ, ки Ӯ ба ту барои ба даст овардани он мақсад бахшоишҳо ва лаёқатҳои махсус додааст? Ҳа, ин ҳамин тавр аст. Ту лаёқатҳои ғайриоддӣ дорӣ, ки шояд ҳанӯз дар худ пай намебарӣ. Аммо Худо барои иҷрои нақшаи Худ онҳоро истифода бурдан мехоҳад.
Муҳим нест, ки оё ту ҳозир мефаҳмӣ, ки Худо ба ту кадом бахшоишҳоро додааст, ё намефаҳмӣ. Ҳамчунин муҳим нест, ки оё ин лаёқатҳои туро
Ҳангоме ки кӯдакони ба синни наврасӣ мерасида таъйиноти худро намефаҳманд, онҳо беҳудагардӣ мекунанд, ба нохушӣ меафтанд ва вақти худро оқилона истифода бурдан наметавонанд. Агар кӯдакон дарк накунанд, ки барои ба даст овардани мақсади бузург офарида шудаанд, онҳо ба дигарон тақлид менамоянд, мекӯшанд мисли касоне бошанд, ки дар асл чунин нестанд. Аммо ҳангоме онҳо мефаҳманд, ки ба талаботҳои худ мувофиқат надоранд, ба танқид намудани худ сар мекунанд. Ба онҳо чунин метобад, ки онҳо аз дигарон бадтар ҳастанд ва дар натиҷа дар онҳо ҳисси беарзишӣ пайдо мешавад. Диққати онҳо ҳамеша ба худ ва ба он равона карда шудааст, ки
Худо барои ту чунин тақдирро намехоҳад. Ӯ мехоҳад, ки ту тасаввуроти равшан дошта бошӣ, ки Ӯ туро чӣ шахсе офаридааст. Ӯ мехоҳад, ки ту фаҳмӣ, ки кадом лаёқатҳоро дорӣ ва онҳоро чӣ гуна инкишоф додан лозим аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки ту ҳамаи ин бахшоишҳоро дар худ ҳамин рӯз, ё ҳафтаи оянда, ё соли дигар, ё ҳатто баъди панҷ сол ошкор менамоӣ. Аммо дар ин хусус ҳарчи барвақттар дуо гуфтанро сар кунӣ, ҳамон қадар зудтар мақсади ҳаёти худро ва кадом лаёқатҳо доштани худро мефаҳмӣ.
Ту ҳанӯз хеле хурд ҳастӣ ва ҳар рӯз ҳамчун шахсият инкишоф меёбӣ. Аз эҳтимол дур нест, ки бахшоишҳо ва лаёқатҳои ту дар солҳои наздик ошкор намешаванд, бинобар ин ту бояд пурсабр бошӣ. Ҳамаи онҳо аллакай бо ту ҳастанд, ва фақат вақт даркор аст, то ки онҳо зоҳир шаванд. Якчанд воситаҳои ошкор намудани бахшоишҳо ва лаёқатҳое ки ту дорӣ, ҳастанд. Барои ин ба ту пешниҳод карда мешавад, ки ба чор савол ҷавоб диҳӣ ва ҷавобҳои худро бо диққат таҳлил намоӣ.
Шояд, ин таърифҳо ба кори мекардаат, ё ба хислати ту, ё ба намуди зоҳирии ту, ё ба рафтори ту дахл доранд. Ба таҳсину офаринҳо, ки одамон ба ту мегӯянд, аҳамият деҳ: шояд онҳо дар бораи ягон бахшоише ки ту дорӣ, шаҳодат медиҳанд. Аҳамият надорад, ки барои чӣ туро таъриф мекунанд. Бигузор ҳатто ба ту гӯянд, ки ту одами хуб ҳастӣ. Ё масъулиятшинос, дилсӯз, покизакор. Ба ҳар ҳол на ҳар кас чунин сифатҳоро дорад. Ҳам шахси масъулиятшинос, ҳам дилсӯз, ҳам покизакор, ё ҳамсӯҳбати хуб бо воситаҳои гуногун ба Худо хизмат карда метавонад.
Аз Худо пурс, ки оё Ӯ мехоҳад барои ҷалоли Худ лаёқатҳои туро, ки атрофиёнро ба ваҷд меоваранд истифода барад, оё ту бояд барои дар оянда инкишоф додани лаёқатҳои худ меҳнат намоӣ ё не. Ҳангоме ягон кори мекардаат боиси таҳсину офарини атрофиён мегардад, пурра имконпазир аст, ки яке аз бахшоишҳои ту маҳз аз ҳамин иборат аст.
Илтимос, дар зер чор чизро номбар намо, ки атрофиён туро барои онҳо ягон вақт таъриф кардаанд. Аз Худо хоҳиш намо ба ту нишон диҳад, ки Ӯро бо ин бахшоишҳои худ чӣ гуна ҷалол дода метавонӣ.
1.
2.
3.
4.
Кори дӯстдоштаамонро мо ҳамеша хуб ба ҷо меоварем, ҳамаи вақти худро ба он сарф мекунем ва тамоми қувваи худро мебахшем.
Дар зер ҳашт машғулияти дӯстдоштаи худро номбар намо ва аз Худо пурс, ки чӣ тавр ба воситаи онҳо ба Ӯ хизмат карда метавонӣ?
1.
2.
3.
4.
5.
6.
7.
8.
Дар зер шаш корро номбар намо, ки дар онҳо муваффақияти бештар дорӣ. Аммо нисбати худ беҳад сахтгир набош ва
1.
2.
3.
4.
5.
6.
4.
Писари ман Кристофер дар кӯдакӣ орзу дошт — конструктори аттраксионҳо шудан. Ғайр аз ин, ӯ ҳамчунин лаёқати хуби навозандагӣ дошт. Чунон ки маълум шуд, Худо мехост, ки Кристофер лаёқати мусиқии худро инкишоф диҳад, ва ҳозир ӯ навозандаи касбӣ, муаллифи сурудҳо ва режиссёри овоз аст. Худо ба Кристофер бахшоиши мусиқӣ дод, ки ба ӯ имкон дод Худоро бо он ҷалол диҳад. Орзуи ӯ дар хусуси аттраксионҳо фақат хаёлпарастӣ ва ҳаваси кӯдакона будааст. Фаҳмида тавонистани «орзу аз ҷониби Худо»-ро ёд гирифтан лозим аст, то ки хато накунӣ — барои он чи амали асосии ҳаётат намешавад, солҳои зиёдро сарф накунӣ.
Барои фаҳмидани таъйиноти худ аз Худо пурсидан лозим аст, ки Ӯ барои ту кадом машғулиятро пешбинӣ намудааст, ки ҳангоме ба воя мерасӣ, бо он машғул мешавӣ. Умедвор нашав, ки ба саволи худ зуд ҷавоб ба даст меоварӣ, аммо худи ҳозир инро пурсидан лозим аст. Агар ту маҳз ҳамин тавр кунӣ, пас, ҳангоме ки вақти қабул намудани қарорҳои муҳим мерасад, ту интихоби дуруст карда метавонӣ. Ту набояд дар ин хусус ташвиш кашӣ, фақат бояд донӣ, ки Худо чиро мехоҳад. Худованд ба кӯдакон дар бораи мақсадҳо ва нақшаҳои Худ барои ҳаёти онҳо хабар медиҳад, ва беҳтар он аст, ки ту ба овози Ӯ гӯш доданро ҳарчи барвақтар сар кунӣ.
Худо туро барои мақсади бузург офаридааст. Ин маънои онро дорад, ки Ӯ нақшае дорад, ки ту дар иҷрои он нақши худро мебозӣ. Худо мегӯяд, ки ту тасаввур карда наметавонӣ, ки Ӯ барои ту то чӣ андоза ояндаи олидараҷа, то чӣ андоза ояндаи фантастикӣ тайёр кардааст (ниг. 1 Қӯр. 2:9).
Худо туро ба корҳои бузург даъват менамояд, агарчи ҳозир ту шояд намедонӣ, ки маҳз ба кадом корҳо. Аммо агар ту ба овози Рӯҳулқудс, ки ҳангоми дуо ба дили ту гап мезанад, гӯш диҳӣ, Ӯ туро ба роҳи дуруст равона мекунад — он роҳе ки фақат барои ту муқаррар шудааст.
Худо мегӯяд, ки агар ту дар зери дасти пурзӯри Ӯ худро фурӯтан намуданро ёд гирӣ, Ӯ туро дар вақти даркорӣ ба баландии бемонанд мебардорад (ниг. 1 Пет. 5:6). Ин маънои онро дорад, ки агар ту лаёқатҳои худро донӣ ва ҳамеша дар онҳо бахшоишҳои Худоро бинӣ ва аз боиси онҳо ҳавобаландӣ накунӣ, ягон вақт Ӯ туро болобардор мекунад ва лаёқатҳои ту маъруф ва машҳур мешаванд. Одамони дигар онҳоро мебинанд ва қадр мекунанд.
Худо ҳамчунин мегӯяд, ки мехоҳад, ки ту бо бахшоишҳои худ, лаёқатҳо ва истеъдодҳои худ ба одамони дигар хизмат кунӣ ва ёрӣ диҳӣ. Яке аз мақсадҳои асосии ҳаёти ту дар рӯи замин ҳамин аст. Ӯ ба ту ёд медиҳад, ки
Фақат доимо кӯшиш кун, ки бо Худо дар дуо сӯҳбат намуда, ҳамеша дар назди Ӯ бошӣ. Ӯ ба ту дар корҳоят ёрӣ медиҳад ва роҳеро, ки бояд бо он равӣ, нишон медиҳад.
…Зеро фикрҳоеро, ки Ман дар бораи шумо дорам, Ман медонам, — мегӯяд Парвардигор, — фикрҳое ки ба осоиштагӣ оид аст, на ба бадӣ, то ки ба шумо ояндаи нек ва умедворӣ бибахшам. Ва шумо Маро хоҳед хонд, ва омада пеши Ман дуо хоҳед гуфт, ва Ман шуморо иҷобат хоҳам намуд. Ва Маро хоҳед ҷуст, ва пайдо хоҳед кард, ба шарте ки бо тамоми дили худ Маро ҷустуҷӯ намоед
РӮЗНОМАИ ДУОИИ МАН
Дар боло, дар саҳифаҳои ин китоб, ман аллакай гуфта будам, ки чӣ тавр рӯзномаи дуоӣ тартиб додан лозим аст, ва ҳозир мехоҳам намунаи чунин рӯзномаро нишон диҳам, то ки ту рӯзномаи худро тартиб дода тавонӣ.
Умедворам, ки ту бо майли том ба ин рӯзнома дуоҳои худ ва ҷавобҳои Худоро ба онҳо менависӣ. Агар гоҳо ҷавоби дуоҳоятро бисёр интизор шудан лозим ояд, ғамгин нашав, зеро ин муқаррарӣ аст. Худованд туро дар лаҳзаи дуо гуфтанат мешунавад, агарчи ҷавоби Ӯ таъхир менамояд. Ҳангоме ки ту ба Худо дили худро мекушоӣ, ин ба Худо дар ҳақиқат маъқул аст.
Примечания
1
Ниг. Эфс. 4:26
2
Дар тарҷумаи тоҷикӣ чунин аст: «Одил ба ёри худ роҳ нишон медиҳад, вале роҳи шарирон онҳоро дар иштибоҳ меандозад». — тавзеҳи тарҷумон
3
Макру ҳила, бадкирдорӣ.
4
Дар тарҷумаи тоҷикии Китоби Муқаддас: «Ҳеҷ ғам нахўред…»